Семинари илмӣ дар мавзӯи "Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "

Бинанда: 427 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2023

Санаи 11 ноябри соли 2023 бо ташаббуси факултети иқтисодиёт ва тиҷорат семинари илмӣ дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Семинарро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиёти кишварамон, таъмини шароити зиндагии арзанда, афзоиши даромади аҳолӣ, саноатикунонии босуръат назаррас мебошад.

Дар семинар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сардори раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазоев О.Қ. дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Имомназаров М.А. дар мавзӯи «Иқтисодиёти рақамӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ: баҳодиҳӣ ва имкониятҳо дар шароити тезонидани саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини декан оид ба илми факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Тӯлиев М.С. дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва донишҷӯи курси 1 – уми ихтисоси 25010402-кори бонкӣ Кучкарова Ш.И. дар мавзӯи «Роль Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в решение экономических проблем» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Семинарро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. ҷамъбаст намуда, қайд намуд, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми худро гузошта, аз як гиребон сар бароварда баҳри таъмини рушди устувори Тоҷикистони азиз тамоми қувваю дониши худро сарф намоем, то кишвари мо ба як давлати пешрафтаи минтақа табдил ёфта, обрӯю манзалати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top