КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бинанда: 417 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2023

КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Санаи 10 –уми октябри соли 2023 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Дар кори он  н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич ширкат варзида дар мавзӯи “Мафҳуми манфиатҳои миллӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими он” баромад намуд.

«Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳануз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дўсти бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад».

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар маърӯзаи  хеш оид ба масъалаҳои  манфиятҳои миллӣ, аз ҷумла:

  • таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • нигоҳдории ризояти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат;
  • рушду устувории иқтисодиёти кишвар;
  • тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;
  • пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият;
  • таѓйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он;
  • фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо;
  • таъмини муҷаҳҳазгардонӣ ва омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ;
  • таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамшарикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир зикр карда шуд, ки  дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархўрди тамаддунҳо аз ҷумла авҷ гирифтани хатарҳои замони муосир ба монанди гуруҳҳои террористию ифротгароӣ, ҷавононро мебояд, ки бо нерӯи зеҳнии худ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат саҳми созгор гузоранд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳар як ҷавонро мебояд дар худ ҳисси миллӣ дошта бошанд, то ин ки дар пешрафт ва рушду нумӯи ҷомеаи демократӣ саҳми арзанда гузоранд. Умед аз он дорем, ки  ҷавонони кишвари мо пеш аз ҳама донишҳои сиёсии худро қавӣ гардонида, ба ин васила зиракии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top