Озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсияи ҶТ”

Бинанда: 356 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2023

Санаи 3 ноябри соли 2023 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар донишгоҳ бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин озмун 22 нафар иштирокчиён аз ҳисоби донишҷӯёни бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳ иштирок намуданд.

Ба ҳайси аъзоёни ҳакамон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ф.Н. Ҷабборов (раис), муаллими калон А.Ш. Исмоилов ва ассистент Д. Бобохониён (котиб) фаъолият намуданд.

Натиҷаи озмун чунин муайян гардид:

Ҷойи якум – Одинамамадов Қурбоншоҳ, донишҷӯи курси 2, 24010104р (96 хол);

Ҷойи дуюм – Суннатзода Умедҷон, донишҷӯи курси 4, 24010104р (90 хол);

Ҷойи сеюм – Раҳмонов Салоҳиддин, донишҷӯи курси 2, 24010104р (88 хол).

Мақсади асосии гузаронидани озмун баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён оид ба қонуни асосии мамлакатамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намудаанд, ки “Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top