КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Бинанда: 454 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2023

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардид, ки ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона шудааст.

Барои пойдор намудани ин падидаҳо зарурат ба Конститутсияи нав пайдо шуд, зеро  Конститутсияи замони шӯравӣ ба ин талабот ҷавобгӯ набуд. Аз ин рӯ, дар баробари эъломияи истиқлолият қарор "Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид.

Дар барқарор сохтани сохти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи нав Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ нақши бузург бозид, зеро баъди ин Иҷлосия симои сиёсию ҳуқуқии кишвар куллан ранги дигар гирифт. Маҳз бо сарварии Пешвои миллат дар Иҷлосияи ХVI- ум санадҳои ҳуқуқиеро қабул намуданд, ки барои  таҳким додани сохтори давлатӣ заминаи устувор гардид.

Дар яке аз баромадҳои худ Пешвои миллат чунин қайд намуда буданд: " Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав - давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст". Дар як муддати кӯтоҳ лоиҳаи Қонуни асосии кишвар таҳия гашта, 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалкӣ қабул гардид.

Ба он на танҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки як қатор олимону мутахассисони давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир, Россия ва ғайра баҳои баланд доданд, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ инчунин ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро дар бар гирифта бо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳимоят мекунад мувофиқат менамояд. 

Минбаъд баҳри такмили Конститутсия ба он 3 маротиба (26 сентябри соли 1999; 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Соли ҷорӣ аз қабули Конститутсия 29 сол сипарӣ мешавад ва дар тӯли ин солҳо кишвари мо тавонист ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Бояд гуфт, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Яке аз вазифаҳои асосии кишвар ин таъмин намудани сатҳи иҷтимоии ҷомеа мебошад, ки ин ӯҳдадорӣ дар моддаи 1-уми Конститутсия чунин дарҷ гардидааст: "Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад".

Дар ин росто Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ барномаи дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул намудааст, ки баҳри баланд бардоштани иҷтимоиёти кишвар заминаи хубе мебошад.

Инчунин яке аз самтҳои муҳимме, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд, ин баланд бардоштани мақоми ҷавонон ва имконот фароҳам овардан ба ҷавонон мебошад, зеро аксарият шаҳрвандони ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, дар тағйиру иловаҳое, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид гардид, масъалаи асоси тағйири синну сол барои як қатор мансабҳои ҳокимияти давлатӣ баҳри фароҳам овардани имконоти фарох барои ҷавонон ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар буд.  

Ҳамин тавр, барои ноил шудан ба  ҳадафҳои стратегияи рушди кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат иштироки ҷавонон нақши муҳим мебозад, зеро онҳо дар азхудкунӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар ҳаёти ҷомеа нерӯ ва иқтидори назаррас доранд.

Дар охир бояд гуфт, ки қадр кардан ва арҷ гузоштан ба Конститутсия аз ҷониби мо ҷавонон пеш аз ҳама риоя ва иҷро намудани меъёрҳои он буда, ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллӣ, ки дар Конститутсия зикр шудааст расид.  Моро зарур аст, ки фаъолияти ҳамарӯзаи худро дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар партави Конститутсия қабул шудааст анҷом диҳем, ҳамзамон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгири карда, барои пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллӣ пайваста кӯшиш намоем.

Довуд Бобохониён

Магистри курси 1-уми

ихтисоси 240103-ҳуқуқи иқтисодии

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top