Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Х.Х. ба муносибати “Рӯзи соҳибкорон”

Бинанда: 401 | Санаи нашр: 14 Октябр 2023

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр  “Рӯзи соҳибкорон” эълон гардидааст ва ҳамасола дар кишварамон дар сатҳи баланд қайд карда  мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи  шумоён - соҳибкоронро аз номи раёсати донишгоҳ бо иди касбиатон - “Рӯзи соҳибкорон” сидқан табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, сулҳу ободӣ ва дар корҳои пурифтихоратон баҳри ободии ватани азизамон муваффақиятҳо хоҳонам.

Боиси зикр аст, ки имрўз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкориро яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, ҳамеша барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар доираи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор барнома ва воситаҳои гуногуни дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ гардида истодааст.

 Алҳол соҳибкорӣ  омили муҳими  рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа яке аз нақшҳои асосиро мебозад.

Имрӯз бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат,  саҳми соҳибкорони кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад.

Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ, фараҳам овардани шароити зарурӣ барои амалишавии мақсаду мароми онҳо шумораи соҳибкорони муваффақ зиёд гардида, бахши мазкур минбаъд низ рушд меёбад.

Бори дигар соҳибкорони арҷмандро бо иди касбиашон – “Рӯзи соҳибкорон” шодбош гуфта, барояшон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дастовардҳои навини меҳнатӣ таманно менамоям.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top