Вохӯрии судманд

Бинанда: 347 | Санаи нашр: 13 Октябр 2023

Имрӯз (13 октябри соли 2023) дар толори асосии донишгоҳ вохӯрии сардори Раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Йигитов Рустам Тошевич бо омӯзгорону кормандон ва донишҷуён баргузор гардид.
Вохӯриро Абдукарим Қурбонов-муовини якум, муовини ректор оид ба таълим ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Йигитов Рустам Тошевич вогузошт.
Йигитов Рустам Тошевич дар мавзӯи “ Роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими давлати дунявӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ” маърӯзаи пурмазмун намуда, дар бораи терроризму экстремизм, бахусус экстремизми динӣ, инчунин роҳҳои пешгирӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таъкид намуд.
Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки бархе аз ҷавонон ба ҷойи илмомӯзию аз худ намудани донишҳои замонавӣ, ба таассубу хурофотпарастӣ дода шуда шомили гурӯҳу ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ мегарданд.
Яке аз омилҳои асосии гаравидани наврасону ҷавонон ба ин гуна ташкилотҳо, ин машғул шудан ва гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад. Бояд гуфт, ки радикализми динӣ, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили фейсбук, инстаграм, одноклассники, ютуб ва ғайра ҷавонони ноогоҳро ба роҳҳои нодуруст ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ шомил мегардонад.
Боиси таассуф аст, ки ин қабил ашхос дониши кофии динӣ надоранд, вале кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи таблиғу ташвиқ дигаронро ба ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ақли солимро ба кор барем,то ин ки сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиштагии онро халалдор накарда, баръакс тақвият бахшида боз ҳам мустаҳкамтар намоем.
Атрофи сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳид гардем ва дар таъмини сулҳу субот ва ободию шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон саҳми бештар гузорем.
Дар хотимаи вохӯрӣ Абудукарим Қурбонов аз номи раёсати донишгоҳ ба Йигитов Рустам Тошевич барои суҳбати самимию муфид арзи сипос намуда, иброз дошт, ки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати ҷумҳуриро ҷонибдорӣ намуда, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм муборизаро пурзӯр хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top