Намоиш - фурӯши китобҳои тозанашри муассисаи нашриявии “Ирфон”

Бинанда: 435 | Санаи нашр: 09 Октябр 2023

Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон намоиш - фурӯши китобҳои тозанашри муассисаи нашриявии “Ирфон” баргузор гардид. Аҳли Раёсат, омӯзгорону проффесорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ин намоиши китобҳо фаъолона иштирок карданд.

Дар намоиш - фурӯши мазкур 22 ҷилди силсиламаҷмӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат“ ба маъраз гузошта шуданд, ки ба он омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни донишгоҳ таваҷҷӯҳ ва мароқи хоса зоҳир намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top