ЗОДРӮЗИ ИНСОНИ НАКӮКОРУ НЕКСИРИШТ, ОҚИЛУ ДОНИШМАНД ВА НУҚТАСАНҶУ СЕРТАЛАБ МУБОРАК БОД!

Бинанда: 315 | Санаи нашр: 06 Октябр 2023

Имрӯз инсони накӯкору нексиришт, устоди нуқтасанҷу серталаб, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич зодрӯз доранд.

Мирзоалиев Абдурашид яке аз олимони барҷаста ва арзандаи соҳаи иқтисод мебошанд. Солҳои зиёд дар вазифаҳои пурмаҳсули донишгоҳ кору фаъолият доранд. Аз соли 2013 то  соли 2018 дар вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро фаъолият карда, аз моҳи октябри соли 2018 то инҷониб ба ҳайси мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг фаъолият мекунад. Дар тӯли фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худ дар донишгоҳ шогирдони зиёдеро тарбият кардаанд, ки дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва берун аз он фаъолият менамоянд.  

Саҳми Мирзоалиев Абдурашид дар таълиму тарбияи насли наврас, таҳияи барномаҳои таълимӣ бо назардошти ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва дар ин замина гузариш ба низоми кредитии таҳсилот, истифодаи усулҳои самараноки таълим ва тайёр намудани омӯзгорони дараҷаи илмидошта хеле назаррас ва шоистаи таҳсин мебошад. Китоби таълифнамудаи Устод оид ба масъалаҳои менеҷмент ва иқтисоди меҳнат возеҳу равшан мутобиқи стандартҳои давлатии таълим ва низоми кредитии таълим рӯи чоп омадааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯён бо арзи сипос ва самимияти беандоза зодрӯзи ин шахси хирадманду хоксор ва роҳбари содиқу вафодор Абдурашид Абдунабиевич ро муборакбод намуда барояшон саломатии бардавом, хушбахтию хотирҷамъӣ, саодати рӯзгору муваффақияти корҳои илмию педагогиро таманно доранд. Ҳамеша шодкому накӯном ва муваффақу сарбаланд бошед, Устоди азиз!   

 

Раёсати Донишгоҳ!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top