ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 303 | Санаи нашр: 05 Октябр 2023

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ  ботантана таҷлил гардид. Ҷамъомадро  муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Гулнора Ҳисориева бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандонро бо ин ҷашнҳои фархунда табрик намуд. Мавсуф зимни суханрониаш аз ҷумла зикр намуд, ки ҳамасола рӯзи 5-уми октябр дар саросари кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст, ки забони тоҷикиро поку беолоиш нигоҳ дорад. Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад  ва ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Маҳз ба тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.

 Инчунин, ёдрас гардид, ки рисолати омӯзгор дар назди миллату давлат, тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар хеле бузург аст.

Дар қисми фарҳангии ҷамъомад барномаи омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” ки аз суруду рақсҳо дар васфи омӯзгор ва забони давлатӣ иборат буд, хотири ҳозиринро хушу болида гардонид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top