Зодрӯзатон муборак, муҳтарам Пешвои муаззами миллат!

Бинанда: 302 | Санаи нашр: 05 Октябр 2023

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ва самимияту садоқати бепоён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати зодрӯзашон (5- уми октябр) сидқан табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом, рӯзгори пурфайз, саодати бепоён ва комёбиҳои беназирро дар рушди давлатдории миллӣ таманно менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз вартаи парокандагӣ наҷот дода, чун роҳбари воқеӣ, пешвои мушфиқ, Сарвари сарсупурдаву ташаббускор миллатро сарҷамъ намуда, кишварро амну субот бахшида, давлатдории миллии тоҷиконро дубора эҳё карданд. Бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон-Тоҷикистон  рӯз аз рӯз ободу зебо, рӯзгори мардум хубтару беҳтар ва нуфузу обрӯяш дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид.

Президенти маҳбуби кишвар чун Сарвари ғамхору мушфиқ, оқилу дурандеш ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои олам низ маҳбубият ва иззату эҳтироми хосса  доранд. Миллати тоҷик доимо аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дошта, дар шахсияташ ҳомӣ ва наҷотбахши хешро мебинанд ва ба ӯ сидқан арҷ мегузоранд.

Бигузор осмони кишвари маҳбубамон ҳамеша софу беғубор ва Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо парафшон бошад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top