Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ

Бинанда: 765 | Санаи нашр: 17 Март 2023

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 17 – уми марти соли 2023 ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст аҳли раёсати донишгоҳ ва собиқадорони шинохтаи соҳаи маориф, ки дар ободиву рушди ин боргоҳи илму маърифат саҳми афзун гузоштаанд, аз бозиҳои миллӣ ва намоишгоҳи омодакардаи воҳидҳои сохтории донишгоҳ – дастархони наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварду комёбиҳои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дидан намуданд.

Сипас ҷамъомадро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бостонию фархундаи ниёгон самимона шодбош гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ёдовар шуд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҷашни Наврӯз яке аз рукнҳои муҳимми худшиносию худогоҳӣ ва унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, моҳияту ҳикмати он аз донишу хирад меҳру садоқат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат аст.

Дар идомаи ҷамъомад Хайрулло Назарзода ба омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои математика ва фанҳои табиатшиносӣ, иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ – Ҳабибулло Мақсадов ва Исматулло Исматуллоев нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва чанде омӯзгорону кормандони фаъол ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳро супорид.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи “Тоҷири аҷам” – и донишгоҳ, ки аз суруду рақсҳои дилнишин дар ситоиши Наврӯз, баҳор, зебоию шукуфоии табиат ва марди деҳқон иборат буд, табъу хотири ҳозиринро хушу болида гардонида, ба ҷамъомади имрӯза ҳусну таровати тоза зам намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top