ДАРСИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ

Бинанда: 535 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2022

11-уми ноябри соли  2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо кӯшиши мутахассисони техникаи бехатарӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Гулбаҳор Дувонаева ва Ҷамшед Холов дарси омӯзишии мудофиаи шаҳрвандӣ барои аъзои ситоди мудофиаи шаҳрвандӣ гузаронида шуд.

Дар ин дарси омӯзишӣ Гулбаҳор Дувонаева ва Ҷамшуд Холов дар мавзӯъҳои “Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ” ва “Терроризм ва ҷиноятҳои характери террористӣ ва иҷтимоидошта” маърӯзаҳои пурмазмун намуда, ба суолҳои иштирокдорон посух гуфтанд.

Шуъбаи табъу нашр 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top