Перомуни масоили доғи рӯз

Бинанда: 1113 | Санаи нашр: 02 Декабр 2020

2-юми декабри соли 2020 дар толори асосии донишгоҳ вохӯрии муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, корманди Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушмаҳмад Муҳиддинов, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солерина Одилбекиён ва намояндагони Маркази миллии солимии репродуктивӣ бо донишҷӯёни хобгоҳ баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиш масоили пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, КОВИД-19, расонидани машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ ва Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ гардид.

Меҳмононро муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Қобил Толибов ба ҳозирин шинос намуда, суханро бо камоли эҳтиром ба Хушмаҳмад Муҳиддинов доданд. Номбурда доир ба пешгирии ҷавонон аз воридшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ибрози назар намуданд.

Сипас, Нигорахон Ғаффорзода дар бораи падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки оромию осудагии аҳли ҷомеа, сулҳу суботи комил ва амнияти кишварро вайрон мекунад, сухан гуфт. Мавсуф афзуд, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ қишрҳои гуногуни солимфикру маърифатпарвари ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад ва ин проблема дар ҷомеа бояд ба таври пурра ҳаллу фасл гардад.

Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ба суолҳои донишҷӯён посух гуфтанд.

Дар фарҷом Қобил Толибов ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмуну судманд изҳори сипос намуд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top