-->

Мизи мудаввари фосилавӣ

27 Ноябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Рӯзи  27-уми ноябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати ёдбуди номзади илми ҳуқуқ, дотсент Ҷалилов Ҷаббор Раҷабович мизи мудаввари фосилавӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои методикаи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот” баргузор гардид. Барои ширкат дар мизи мудаввар  омӯзгорони фанҳои ҳуқуқшиносӣ, масъулони бахши таълими макотиби олӣ, муттахассисон ва намояндагони корфармоён, ки ба мавзӯи зикргардида таваҷҷуҳ доштаанд, маърӯзаҳои худро қаблан ба Кумитаи тадорукот ирсол карданд.

Фозилов Насим Носирович – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҷ.Р.Ҷалилов – олим ва омӯзгори тахассуси олӣ”, Ҳомитов Муҳитдин Сайдалиевич – номзади илми иқтисодӣ, дотсент, сардори раёсати таълимӣ-методии ДДТТ дар мавзӯи “Консепсияи таълими донишҷӯмеҳварӣ: проблемаҳои татбиқ ва дурнамо”, Одинаев Наврӯз Ҳукуматуллоевич – директори Ширкати ҳуқуқии «Ҳимоя» дар мавзӯи “Проблемаҳои мубрами такмили низоми кредитии таълими ҳуқуқшиносӣ бо назардошти талаботи корфармоён ва эҳтиёҷоти бозор”, Салимов Назаралӣ Сафарович – номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, декани факултети муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ва ҳуқуқи ДДТТ дар мавзӯи “Самтҳои ҷорӣ намудани технологияи компютерӣ дар раванди таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ”, Қудратов Некрӯз Абдунабиевич – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва маъмурии ДДТТ дар мавзӯи “Майлонҳо ва самтҳои ояндабахши истифодаи захираҳои иттилоотии муосир дар соҳаи таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ” ва Раззоқов Баҳодур Ҳаётович – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва маъмурии ДДТТ дар мавзӯи “Идораи равандҳои таълим дар низоми кредитии таҳсилот ва рушди минбаъдаи қонунгузорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ” суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, дар кори мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба ташаккули салоҳияти коммуникативии омӯзгорон, таҷрибаи муҳаққиқони хориҷӣ доир ба таҳсил ва воридшавӣ ба бозори ҷаҳонии таҳсилот муҳокима шуданд.

Зимни чорабинӣ аксар проблемаҳои таълими фанҳои ҳуқуқӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот муҳокима гардиданд. Таъкид карда шуд, ки баррасии роҳу усулҳои ба донишҷӯ расонидани дониш ва маълумоти касбӣ дар намунаи  фаъолияти омӯзгорони алоҳида (мисли устоди шодравон ҶАЛИЛОВ ҶАББОР РАҶАБОВИЧ) мисоли ҷолиби ташвиқу тарғиби методикаи таълим мебошад. Дар ҷамъбасти мизи мудаввар баҳри такмили низоми кредитии таҳсилот бо назардошти хусусияти фанҳои ҳуқуқшиносӣ пешниҳоду тавсияҳои асоснок баён гардиданд, ки ба маълумоти сохторҳои дахлдор расонида мешавад.

Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва маъмурӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top