Print this page

Семинар – тренинги омӯзишӣ

Бинанда: 1001 | Санаи нашр: 18 Ноябр 2020

18-уми ноябри соли 2020 дар донишгоҳ семинар – тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Дониши молиявӣ” бо иштироки соҳибкори ватанӣ Рустам Раҳматулло ва 100 нафар донишҷӯи фаъол гузаронида шуд.

Қобилҷон Толибов, муовини ректор оид ба таълим ва тарбия семинар - тренинги омӯзиширо оғоз намуда, меҳмононро ба ҳозирин шинос кард ва зикр намуд, ки имрӯз масоили мушкилоти молиявӣ, кам будани даромади молиявӣ дар оила ва тарзи истифодаи нодурусти даромади маблағи пулӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба назар мерасад. Бино бар ин, мақсад аз гузаронидани семинар баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии донишҷӯён дар шароити кунунӣ мебошад

Сипас Рустам Рахматулло доир ба ҳадафи молиявӣ, соҳибкорӣ муваффақ шудан, робитаҳои иқтисодӣ, равандҳои тиҷоратӣ, фоида, муайян кардани андозаи фоида, хароҷот ва сармоягузорӣ ибрози андеша намуда, ба суолҳои донишҷӯён посух гуфт.

Дар фарҷоми семинар Қобилҷон Толибов ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмуну судманд изҳори сипос намуд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият