Тадбирҳои беҳдоштӣ

Бинанда: 1004 | Санаи нашр: 18 Ноябр 2020

18-уми ноябри соли 2020 шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва як гурӯҳ донишҷӯён - ризокорони донишгоҳ дар назди бозори Султони Кабири ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи аксияи навбатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) гузарониданд. Ҳайати корӣ ба шаҳрвандон дар бораи риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, фосилаи иҷтимоӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дода, риояи қоидаҳои беҳдоштиро омили муҳимми пешгирӣ аз ин беморӣ маънидод карданд ва ба шаҳрвандон ниқобҳои тиббию маводи антисептикӣ тақсим намуданд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top