Муроҷиатномаи ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бинанда: 1180 | Санаи нашр: 18 Ноябр 2020

Мо, ҷавонони хушбахти даврони истиқлолият аз Пешвои муаззами кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагии Президенти маҳбуби мамлакатамон дарси ибрат гирифта, таъмини оромиву осудагии ҳар як сокини кишвар ва ҳимояи муқаддасоти миллатро, ки аз савганди Пешвои миллат сарчашма мегирад, вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем.

Мо, ҷавонони саодатманди диёр, меросбарони гузаштагони бузурги худ чун Рӯдакиву Сино, Балъамиву Хайём, Исмоили Сомониву насли баъдии ориётабор, ворисони фарҳангу тамаддуни воло, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.

Бо шукргузорӣ аз истиқолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва роҳбари хирадманд, мо ҷавонони донишгоҳ барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯсти ва намунаи ибрат будан ба дигарон муроҷиатномаи зеринро қабул мекунем:

Ба савганди Пешвои муаззами миллат содиқ мемонем;

Савганди баённамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қасами худ дониста, кӯшиш мекунем, ки ба он сазовор бошем;

Баҳри амалӣ гардидани нақшаҳои азиму ташаббусҳои созанда роҳи пурифтихори интихобнамудаи Пешвои муаззами миллатро идома медиҳем;

Мо насли даврони истиқлолият ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Пешвои ҷавонпарварамон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар ободонию хуррамгардонии донишгоҳ ва  пойтахти кишварамон – Душанбешаҳр саҳми арзанда гузорем.

Ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ арҷ гузошта, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро мақсаду мароми худ медонем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top