Хизматрасонии буҷавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 1212 | Санаи нашр: 09 Октябр 2020

9-уми октябри соли 2020 дар вохурии онлайнӣ мудири шубаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат, н.и.и. Ҷамшед Машокиров дар доираи барномаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад, дар мавзӯи “Баланд бардоштани сифати хизматҳои буҷетӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” суханронӣ намуд.

Дар лексияи кушод муҳаққиқони ҷавони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва пажӯҳишгарони мустақил иштирок карданд.

Дар лексия натиҷаҳои таҳқиқот доир ба “Баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии буҷавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардид. Дар доираи он доир ба масоили баланд бардоштани сифати хизматрасонии буҷетӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, равобит ва қонунияти ташаккули раванд, ки ба мақсади инкишофу навсозӣ, такмилу баланд бардоштани самаранокии сифати хизматрасонии буҷетӣ дар шароити гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли экстенсивӣ ба шакли интенсивӣ нигаронида шудааст, ибрози назар карда шуд. Дар фарҷоми вохурӣ пажӯҳишгарон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top