Рӯзи соҳибкори ватанӣ

Бинанда: 1399 | Санаи нашр: 14 Октябр 2020

Бо ташаббуси Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ 14 – уми октябр Рӯзи соҳибкор эълон шудааст.

Бо ҳамин муносибат 14-уми октябри соли 2020 бо саъю кӯшиши кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дар толори диссертатсионии донишгоҳ семинари илмӣ – машваратӣ ба ифтихори Рӯзи соҳибкор дар мавзӯи “Соҳибкорӣ: зарурат, ҳолати муосир ва самтҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Семинар бо сухани ифтитоҳии муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим ва тарбия дотсент Толибов Қ. Қ. оғоз гардид. Дар маҳфили илмӣ мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, номзади илми иқтисодӣ С. Мухторзода ба ҳайси баранда фаъолият намуд.

Сипас, омӯзгорони кафедра – дотсент И. Исматуллоев дар мавзӯи “Соҳибкорӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ”, муаллими калон Валиев Н. Ш. дар мавзӯи “Таҳлили вазъи муосири соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаллими калон С. Амонов дар мавзӯи “Навъҳои фаъолияти соҳибкорӣ”, донишҷӯён Адибаи Асомиддин ва Дилноза Ашӯрова оид ба таъриху моҳияти фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти инноватсионӣ ва дастгирии давлатии он суханронӣ намуданд.

Дар музокироту баррасии масъалаҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ муовинони ректор Қобил Толибов, Заррина Қодирова, Фарҳод Шаропов ва декани факултет З. Маҳмадуллоев, С. Мухторзода иштирок карданд.

Семинари илмӣ-машваратӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмазмуну шавқовар доир гардид.

Кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top