Ойини некӯкорӣ ва родмардӣ

Бинанда: 1731 | Санаи нашр: 11 Апрел 2019

Садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бо сарварии номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Назаралӣ Салимов ва дастгирии Раёсати донишгоҳ дар ин рӯзҳои баҳории моҳи апрел иқдоми хайриявиеро дар мавриди кумаку дастгирии бепарасторону ниёзмандон ва маъюбону ятимон амалӣ менамояд.

 

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба хайру эҳсон нисбат ба наздикону атрофиён ва оилаҳои камбизоату бесаробон, садорати факултети мазкур ба аёдати бачагони сустбин ва нобинои мактаб – парваришгоҳи шаҳри Ҳисор рафта, ба ин қишри осебпазири ҷомеа то ба ҳадди имкон кумаку ёрии моддию маънавӣ расониданд.

Саъдии Шерозӣ дар мавриди некӯкорию родмардӣ ва дасти ҷуду карам бар сари ятимону бепарасторон гузоштан, дурри маънӣ суфтааст:

Ҳар  кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва садорати факултети МИБ ва ҳуқуқ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top