Иқдоми шоиста

Бинанда: 1473 | Санаи нашр: 03 Октябр 2018

30-юми сентябри соли 2018 бо ибтикори раёсати донишгоҳ як гурӯҳ устодону кормандони он барои сайру саёҳати якрӯза ба тамошои дараи хушманзараи Ромит сафар карданд, ки ин иқдоми шоиста нишонаи дастгирию ҷонибдории роҳбарияти донишгоҳ аз ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон кардани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дараи зебои Ромит бо боду ҳавои фораму серун, намои фусункору хуррам ва чашмаю рӯдҳои нобу шириноб барои дидану рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ мавзеи мувофиқу дилписанд аст. Дар ин макон бӯстонсарои донишгоҳ низ вуҷуд дорад, ки дар ҳар фурсати муносиб омӯзгорону кормандон барои истироҳату фароғат ба он ҷо мераванд.

Рӯзи 30-юми сентябр, ки ба рӯзи якшанбе рост меомад, аҳли раёсат ва гурӯҳи устодону командон дар бӯстонсарои донишгоҳ истироҳату фароғат намуданд ва навъҳои гуногуни тамомҳои миллиро омода карданд.

Раёсати донишгоҳ дар оянда тасмим гирифтааст, ки чунин иқдоми шоистаро идома медиҳад ва ба ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар сайру сафарҳои шавқовару дилписанди аҳли раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳро ба роҳ мемонад.

Шуъбаи робита ва ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top