Дар кӯи некномӣ

Бинанда: 1476 | Санаи нашр: 19 Сентябр 2018

Дар соли таҳсили 2017-2018 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалиев Мавлон дар озмуни байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Мактаби байналмилалии мубоҳисавӣ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Егор Гайдар созмон дода шуда буд, ширкат варзид ва дорандаи грант гардид.

         Мавсуф дар кори Мактаби байналмилалии мубоҳисавии «Гайдпарк – Армения-2018» фаъолона иштирок намуд ва аз ҷониби ректори Донишгоҳи Россияю Арманистон Армен Дарбинян барои дониши хуб, ахлоқи ҳамида ва маънавияти баланд бо сипоснома сарфароз гардонида шуд

         Раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ Маҳмадалиев Мавлонро барои чунин комёбию пирӯзмандии эшон самимона шодбошу таҳният мегӯянд ва аз муҳассилини донишгоҳ даъват менамоянд, ки ибтикору иқдоми арзандаи ӯро пайравию дастгирӣ кунанд. 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top