Ҷоиза муборак!

Бинанда: 1461 | Санаи нашр: 30 Август 2018

30-юми август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Боиси хурсандист, ки дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории донишгоҳ Сангинов Нарзулло Сангинович низ соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф гардид. Раёсат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ устод Нарзулло Сангиновичро бо ин ҷоизаи давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар зиндагӣ ва фаъолияти илмию педагогиаш барору комёбиҳо таманно менамоянд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top