Табодули таҷриба бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ

Бинанда: 1644 | Санаи нашр: 03 Июл 2018

Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тахассусияти кормандон, ҳайати профессорону устодони донишгоҳ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои дигар кормандон оид ба фаъолияти кории худ дар давоми  як сол маълумот пешниҳод мекунанд.

Аз ин рӯ, 3-юми июли соли 2018 барои бори аввал бо иқдоми муовини ректори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодирова Заррина Ҳалимовна муаррифии фаъолияти кории кормандон баргузор шуда, дар он мудирон ва кормандони шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа барои роҳбарият ва ҳамкорон  рӯнамоиҳои худро оиди ҳисоботи солона манзур гардониданд.

Баъд аз қисмати суолҳо ва муколама, дар қисмати ҷамъбастӣ оид ба бартарият ва камбудиҳои муаррифӣ муовини ректори донишгоҳ Қодирова З.Ҳ. хулосабарорӣ намуда, зимни муаррифӣ ба инобат гирифтани ҷузъиётҳои муҳимро барои кормандон талқин намуд. Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани чунин таҷриба барои кормандони донишгоҳ имкон медиҳад, ки дар баробари баланд бардоштани тахассусияти касбии худ, табодули таҷриба ва сайқал додани малака, инчунин, барои дар сатҳи байналмилалӣ масъалагузорӣ кардан ба таври комил омода бошанд.


шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top