Мулоқоти пандомӯз

Бинанда: 1493 | Санаи нашр: 25 Июн 2018

25-уми июни соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ мулоқоти аъзоёни гурӯҳи аналитикӣ бо роҳбарии проректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодирова З. Ҳ. ва декани факултети мазкур, дотсент Салимов Н.С. бо донишҷӯёни курси 2-юм доир гардид.

 

Дар ин ҳамоиш устодон Салимов Н.С., Қодирова З.Ҳ. ва Наботов С. Оид ба масоили мубрами ҷаҳони имрӯза, аз қабили терроризму ифродгароӣ, тундравӣ, таҳаммулгароии диннию мазҳабӣ, истиқлолияту ваҳдати миллӣ баёни афкор намуданд ва ба пурсишҳои аҳли нишаст посухҳои аниқу мушаххас доданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top