Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст

Бинанда: 1987 | Санаи нашр: 22 Июн 2018

Бузургтарин вазифаи наслҳои имрӯзаи халқи тоҷик аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

22-юми июн дар толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 21-умин солгарди ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ Акрамов Файз Маҳрамович ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда, ки барои тамоми тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас буда, дар саҳифаҳои таърихи давлату миллатамон бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст, табрику муборакбод гуфт. Файз Маҳрамович зимни суханронӣ роҷеъ ба аҳамият, азизу муқаддас донистан ва ҳамарӯза таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ибрози ақида намуда, тамоми дастовардҳои мардуми кишварро самараю натиҷаи ҷаҳду талошҳо ва истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, ки тавассути кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, алалхусус, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саҳмашон дар таъмини сулҳу субот ва ободию шукуфоии кишвар беназир аст, маънидод намуд.

Ин сана (27 июн), ки 21 сол қабл ба дили хурду калони на танҳо тоҷику тоҷикистонӣ, балки тоҷикони бурунмарзию дӯстони хориҷиамон низ шодиву фараҳ овард,- гуфт Файз Маҳрамович,- дар саҳифаҳои таърихи давлату миллатамон бо хатҳои заррин сабт гардид. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москав ба имзо расид, бидуни шубҳа метавон баробари Истиқлолияти кишвар дар як радиф гузошт. Қадру қимат ва аҳамияти бузурги ин санаи таърихӣ, яъне ваҳдати миллиро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пешоҳанг ва ташаббускори асосии барқарор намудани сулҳи тоҷикон маҳсуб меёбанд, ба эътибор гирифта, дар яке аз суханрониҳояш гуфта буданд: "Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати Истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем".

Бале, маҳз таъмини сулҳу субот дар кишвар имкон дод, ки мардуми бофарҳанг ва тамаддунофари мо ба бунёдкорию созандагӣ камар баста, баҳри рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшишу ғайрат ва ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ диҳанд.

Маърӯзаи пурмазмуни профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, доктори илмҳои таърих Баҳром Қурбонов, ки «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати халқи тоҷик» ном дошт ва маърузаи мудири ҳамин кафедра Ҷаъфар Нуъмонов, ки «Ваҳдат – пояи сулҳу суботи кишвар» номгузорӣ шуда буд, ҷанбаҳои гуногуни ин санаи муҳими тақдирсозро дар бар гирифта, баҳамоӣ ва боло гирифтани хиради мардуми тамаддунсозро бо далелҳои мушаххасу асоснок ифода мекарданд.

Қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, ваҳдату ягонагӣ, ки дар иҷрои чанде аз донишҷӯён садод доданд, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшиданд.

Хуллас, чорабинии мазкур мазмун ва баёнгари байти зерин буд:

Бошед, эй азизон, дар эҳтироми Ваҳдат,
То ки Ватан бимонад андар мақоми Ваҳдат.

 

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top