Пешгирии ҷиноят – кори ҳама ва ҳар кас

Бинанда: 2117 | Санаи нашр: 05 Апрел 2018

Дар ДДТТ санаи 4-уми апрели соли 2018 вохӯрии сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе генерал – майор Назарзода Шариф Раҳмон, сарпарасти донишгоҳ, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев бо устодону кормандон ва донишҷӯён доир гардид.

Вохӯриро ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. оғоз намуда, ҳадафи баргузории онро, ки пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуби ба ҷомеа зараровар, аз ҷумла дӯздӣ, авбошӣ, ғоратгарӣ, воридшавии ҷавонон ба ҳаракату ҷараёнҳо ва ҳизбҳои террористию ифротгароӣ ва дигар қонуншиканиҳо мебошад, баён намуда, бо камоли эҳтиром суханро ба Назарзода Шариф Раҳмон доданд.

Вазъи геополитикии ҷаҳони имрӯза, - гуфт Назарзода Ш.Р. ҳар яки моро водор месозад, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам обрӯ ва мавқеи сазовор пайдо кардани кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиши бештар намоем.

Боиси хурсандист, ки ҷавонони саодатманди кишвар сиёсати муваффақонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва дар амал тадбиқ намуда, бо кору бор, хониши хубу аъло ва ташаббусҳои бунёдкоронаю созандаи хеш пайравони Пешови миллат будани худро собит намуда, дар рушду нумӯъ ва ободию шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо ҳиссагузорӣ карда истодаанд.

Вале мутаассифона, бархе аз ҷавонон, бахусус, донишҷӯёне низ ҳастанд, ки бо амалу рафторҳои зишт ва ноҷавонмардонаи худ ба номи пуршарафи донишҷӯ иснод оварда, шаъну шараф ва обрӯю эътибори аҳли оилаю хешу таборонашонро коста мегардонанд. Ҳолати дигари нигаронкунанда он аст, ки бархе аз шаҳрвандон ба ҷойи пешгирӣ намудани ҷиноят ва корҳои фаҳмондадиҳӣ шахси ҷинояткорро дар манзили худ пинҳон мекунанд ва ё барояш шароит муҳайё менамоянд.

Мавсуф қайд намуд, ки танҳо дар се моҳи соли 2018 аз ҷониби донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе 12 ҷиноят содир карда шудааст, ки нигаронкунанда мебошад.

Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" боиси рӯ ба афзоиш овардани ҷинояткорӣ гардид.

Чунончӣ, дар соли 2017 ва ду моҳи соли 2018 аз ҷониби ноболиғон 157 ҷиноят содир карда шудааст, ки 107 – тои он ба ҳолатҳои дуздӣ, 23-тои он авбошӣ, 1 ҳодисаи куштор, 6 ҳодисаи ғоратгарӣ ва ғайра рост меояд.

Муҳтарам Назарзода Ш.Р. бо таассуф зикр намуд, ки соли 2017 танҳо дар шаҳри Душанбе ақди никоҳи 1581 оила бекор карда шуд. Хушунати хонаводагӣ, муноқишаҳои оилавӣ, латту кӯб, майдаавбошӣ, ба зиндагии мустақилонаи оилавӣ омода набудани ҷавонон,  ҳамдигарнофаҳмӣ ва гӯш накардани падару модаронро омилҳои сар задани чунин амалҳо маънидод кард. Кор ба ҳадде расид, ки дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ, - гуфт ӯ, - се нафар ба ҳалокат расидааст.

Назарзода Шариф Раҳмон аз хусуси бо мошинҳои шахсӣ ба дарсҳо омадани донишҷӯён, истифодаи телефонҳои мобилӣ зимни машғулиятҳо, риоя накардани қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ҷавонон, алалхусус, донишҷӯён изҳори нигаронӣ намуда, аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки дар арафаи чорабиниҳои сиёсӣ, ки дар пойтахти кишварамон – Душанбешаҳр баргузор мегарданд, ҳар як сокини пойтахт намунаи баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар ҳалли масъалаҳои баамаломада ҳиссагузор бошад ва дар пешгирии ҷиноятҳо, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки танҳо кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки кори ҳама ва ҳар кас мебошад, ворид нагардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро ва мазҳабҳои барои миллати тоҷик бегона саҳми арзандаи хешро гузорад.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев низ фикру ақидаҳои худро оид ба роҳҳои пешгирии ҳар гуна ҷиноят ва дигар рафтору амалҳои зишту номатлуб баён намуда, маслиҳатҳои муфид доданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба генерал – майор Назарзода Ш.Р. барои маърӯзаи пурмазмун ва дастуру маслиҳатҳои муфидашон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, бахусус, аъзои фаъоли гурӯҳи “Авангард” – и ВКД – ҶТ дар бобати пешгирии амалҳои зишту номатлуб, таъмини бехатарии кишвар ва ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Сипас, ёрдамчии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фармони сардори Раёсатро дар бораи бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудани донишҷӯёни донишгоҳ – аъзои фаъоли гурӯҳи “Авангард” – и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат кард.

Дар хотимаи вохӯрӣ аҳли нишаст ба саволҳои додаи худ аз ҷониби Назарзода Шариф Раҳмон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top