Гулбонги Наврӯзӣ

Бинанда: 2204 | Санаи нашр: 18 Март 2018

15-уми марти соли 2018 дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент таҳти унвони «Гулбонги наврӯзӣ» дарси кушод (маҳфили фаннӣ) – и номзади илмҳои филологӣ, муаллима Сангинова Р.И. аз фанни забони тоҷикӣ бо иштироки донишҷӯёни фаъоли курси 1-уми ихтисосҳои 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, 250801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар кори бонк ва 260202 – менеҷмент гузаронида шуд. Дар маҳфил намояндагони Раёсати таълим Раҳмонов Ғ., Усмонов М., декани факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Мирзоалиев А.А., муовини декани факултет оид ба тарбия Қурбонова С., мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Турди-Аханова И., муаллимаи калони кафедраи забонҳо, н.и.ф. Абдулазизова З.С. ва дигар омӯзгорон иштирок карданд.

Мақсади дарс ба воситаи қироати порчаҳои шеърӣ бурро намудани нутқи шифоҳии донишҷӯён ва хондани ашъори шоирони классику муосир дар васфи Ватан, Наврӯз, модар, таранннуми баҳору ишқ ва оид ба урфу одатҳои мардуми тоҷик дар рӯзҳои Наврӯз, ҷашнгирии Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва ҷаҳон, суннатҳои наврӯзӣ ва дӯстии мардуми тоҷик бо дигар давлатҳои ҷаҳон маълумот додан, иборат буд.

Дар оғози дарси кушоди тарбиявӣ муаллима Сангинова Р.И. оид ба пайдоиши иди Наврӯз маълумоти мухтасар дода, аз ҷумла қайд карданд, ки ҷашни Наврӯз аз комилтарину машҳуртарин ҷашнҳо аст, ки дар байни мардумони олам аз қаъри асрҳо то кунун эътибору манзалати худро ҳифз кардааст, зеро Наврӯз аз рӯзи нахусти ҷашнвора эълон гаштан ба худ хусусияти фаромилливу фароқавмӣ касб намуда, аз марзҳои фарҳангии мардумони эронитабор фаротар рафт ва қисми ҷудонопазири фарҳанги ҷаҳонӣ дар қаламрави инсонӣ гаштааст.

Сипас, донишҷуи курси 1-ум Каримова Мӯниса дар бораи пайдоиш ва аҳамияти истиқболи ҷашни Наврӯз маълумоти мухтасар баён намуд. Донишҷӯён Ҷӯраев С. ва Турдиев И. перомуни оростани дастархони наврӯзӣ, ва мазмуну рамзи ҳафт сину ҳафт шин маълумот доданд. Донишҷӯён дар бораи дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, ки имсол Наврӯзро ҷашн мегиранд, андешаҳои гуногун баён карданд. Дар байни дарс гузаронидани бозии шеърбарак (байтбарак) байни гурӯҳҳо мазмуну муҳтавои дарсро пурратару шавқовартар гардонид. Донишҷӯён аз ашъори шоирони классику муосир, порчаҳои зиёди шеъриро бо маҳорати баланд қироат намуданд ва маълум гардид, ки донишҷӯён Ашӯрова Н., Бобомуродзода Д. ва Каримова М. шеъри бештар медонанд.

Дар анҷоми дарси кушоди тарбиявӣ намояндаи Раёсати таълим, дотсент Раҳмонов Ғ. аз омӯзгор Сангинова Р.И. барои чунин дарси хубу шавқовар изҳори сипос кард ва ҳамагонро бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрику шодбош гуфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top