Дарахти дӯстӣ биншон…

Бинанда: 3810 | Санаи нашр: 18 Март 2018

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Санаи 9-уми марти соли 2018  ҳамчун санаи тақдирсозу таърихсоз барои мардумони ду кишвари бо ҳам дӯст - Тоҷикистону Ӯзбекистон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-ум ва 10-уми марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо якумин сафари расмӣ ба сарзамини кӯҳанбунёду сарсабзи Тоҷикистони азиз ташриф оварданд.

Ин ташрифи сарвари давлати ҳамсоя ба сарзамини офтобии мо натиҷаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳарду кишвар мебошад, ки тавонистанд овози қалби якояки мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро шунаванд.

Ташаббуси наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик дар симои ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонии қалби поки инсонидошта, меҳмондӯсту сулҳпарвар мебошад.

Шодиву хурсандии мардуми тоҷику ӯзбек дар чорабинии фарҳангии  «Шоми дӯстӣ», ки оғози муносибатҳои дӯстонаву ҳамдигарфаҳмии ин ду кишвари бо ҳам дӯст буд, дар толори фарҳангии Кохи Борбад баръало эҳсос мешуд.

Боиси ифтихор аст, ки ман низ ҳамчун як бонуи саодатманд ва олимаи ҷавон дар ҳайати намояндагони аҳли илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирокчии бевоситаи ин чорабинии фарҳангиву таърихӣ будам. Ин рӯйдоди бузург барои ҳар як фарди ватандӯст дарси ибратомез буд. Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо шукронаи  истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон намоем ва дар ободию шукуфоии меҳани воқеан ҳам зебоямон саҳмгузор бошем.

Мо, ояндасозони миллати азизамон кӯшиш менамоем, ки сиёсати оқилонаю  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию фарҳангиро бо давлати ҳамсоя рушд ва тақвият диҳем.

Ҳофизи бузургвор беҳуда нагуфтаанд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Басгул Исупова,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
мудири шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top