Дарси намунавии олими шинохта

Бинанда: 1961 | Санаи нашр: 13 Март 2018

10-уми марти соли 2018 дарси намунваии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сангинов Н.С. аз фанни таҳлили иқтисодӣ дар мавзӯи “Таҳлили истеҳсолӣ” бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент доир гардид.

Дотсент Сангинов Н.С. дар муқаддима пас аз сабти ҳузури донишҷӯён ба онҳо маводи тақсимшавандаро оид ба мавзӯи дарс вогузор кард ва лексияи худро оид ба мавзӯи мазкур оғоз намуд.

Устод Сангинов Н.С. дар раванди дарс барои таъмини дарки пурраи мавзӯъ аз услуби фаҳмондадиҳӣ ба таври босамару эҷодкорона истифода бурда, давраҳои ҳаёти маҳсулотро дар муқоиса бо давраҳои зиндагии инсон таҳлилу баррасӣ намуд, ки ин амалкард барои донишҷӯён бисёр ҳам муассиру ҷолиб буд.

Ҳамчунин, дотсент Сангинов Н.С. ба пурсишҳои донишҷӯён оид ба мавзӯи дарси имрӯза посухҳои мушаххасу амиқ доданд.

Дарси намунавии устоди арҷманд ва олими нуктасанҷ, дотсент Сангинов Н.С. дар сатҳи баланди касбӣ бо истифодаи босамари услуби интерактивӣ гузаронида шуд ва дар он омӯзгорони кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ ва намояндаи Раёсати таълим ҳузур доштанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top