Донишандӯзӣ ва рушди касбӣ

Бинанда: 2035 | Санаи нашр: 16 Март 2018

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо ибтикори мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшедов М.Ҷ. дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 2-юми январ то 2-юми феврали соли 2018 курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос аз фанни педагогика ва равоншиносӣ доир гардид. Курси мазкур аз ҷониби омӯзгорон – олимони муваффақи ҳамин донишкада аз рӯи барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсии тасдиқшудаи ДДТТ ва ДТИ ДМТ гузаронида шуд.


Дар анҷоми курси зикршуда бо супоридани санҷишу имтиҳон ба таври муваффақ 20 нафар омӯзгори кафедраҳои тахассусии донишгоҳ сазовори диплом гардиданд.

Бо итминони комил бояд изҳор намоем, ки донишу малакаи андӯхтаи омӯзгорон аз курси мазкур боиси рушди касбию ҳирфавии эшон ва иртифои сатҳу сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ мегардад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top