Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Фанҳои ҷамъиятшиносӣ

Дар солҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ кафедра бо номи «Марксизм-ленинизм» фаъолият менамуд ва соли таҳсили 1993-1994 номи «Илмҳои ҷамъиятӣ»-ро гирифт. Ба ин кафедра дотсент Малоҳат Исмоилова сарварӣ мекард. Баъдтар вазифаи мудирии ин кафедра ба зиммаи номзади илми фалсафа, дотсент шодравон Хурсанд Қурбонов гузошта шуд.

Соли 1994 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ кафедра номи “Фалсафа ва фарҳангшиносӣ”-ро гирифт ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Зокирҷон Вазиров мудири кафедра таъйн гардид. Cолҳои 1994-2000 дар ҳайати кафедра дотсентон Қурбонов Х., Султонов М., Ғуломов О., Ҷабборов Ш., Набиев В., Луғмонов Т., Тауров Т., Қурбонов Б., устодони калон Охунова С., Раҳматова М, Маҳмадиева Ҷ., Ҷонибеков А.,Сироҷов Ф., ассистентон Дилоев Н., Неъмонов Ҷ., Авғонов С. ва мудири кабинет Тайлоқов Н., фаъолият менамуданд. Соли таҳсили 1996-1997 ба кафедраи «Фалсафа ва фарҳангшиносӣ» дотсент Хуморов Д.М., проф. Одилов Н.Ф., д.и.ф. проф. Маҷидов Р., д. и. т. Маликов М., д.и.ф., проф. Шарипов И. ба кор омаданд ва потенсиали илмии кафедра хеле баланд гардид. Аз соли 2000 то с. 2010 роҳбарии кафедраро н.и.ф., дотсент Хуморов Д. ба ӯҳда дошт. Аз моҳи ноябри соли 2010 то моҳи сентябри соли 2017 вазифаи мудири кафедраро н.и.ф., дотсент Шарипов М.И. иҷро менамуд.

Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 24 январи соли 2012 кафедра бо номи “Фалсафа ва сиёсатшиносӣ” номгузорӣ карда шуд.
Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз моҳи июни соли 2017 кафедра бо номи “Фанҳои ҷамъиятшиносӣ” номгузорӣ карда шуда, тадриси фанни таърихи халқи тоҷик ба зиммаи кафедра гузошта шуд. Аз моҳи феврали соли 2018 н и.с., дотсент Неъмонов Ҷ.М. сарварии кафедраро ба уҳда дорад.

Ҳоло дар кафедраи “Фанҳои ҷамъиятшиносӣ” д.и.т. и.в. профессор Қурбонов Б.Р., дотсентон Шарипов М.И., Хуморов Д.М., Ҳусейнов Б., Авғонов С., Неъмонов Ҷ., Саидов С.. н.и.п.,и.в.дотсент Сангинова Д., н.и.т., и.в.дотсент Пирназарова П., н.и.ф., муаллими калон Дилоев Н., муаллимони калон Раҳмихудоева Б.,Бойназаров Э., Қобилова Ф., Каримова З., Зарипова Р., Бобохоҷаева Г., Сангова Ф., Султонов Т. ассистентон: Қурбонов Б., Навоии Б., Абдуллозода Н., Алиев С., Маҳмадсафои И., Ғафуров Р. фаъолият намуда истодаанд.

Устодони кафедраи Фанҳои ҷамъиятшиносӣ

Устодони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим аз фанҳои таълимӣ китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, барномаҳо, силлабусҳоро чоп намуда дастраси донишҷӯён гардониданд. Дар кафедра ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Устодони кафедра доир ба проблемаи «Маданияту суннатҳои бозоргонии шарқ ва таъсири он дар ташаккули шахс» корҳои илмӣ - тадқиқотии худро ба роҳ монданд. Яке аз бахшҳои ин мавзӯъ «Таҳлилу тадқиқи фалсафаи форсу тоҷик»-ро дотсент Авғонов С. роҳбарӣ менамояд.

Бахши дуюми ин мавзӯъро “Фалсафаи иҷтимоӣ” ташкил медиҳад ва онро дотсент Хуморов Д. роҳбарӣ намуда, ба таҳқиқи он дотсентон Шарипов М., и.в. профессор Хидирова М., муаллимони калон Дилоев Н., Неъмонов Ҷ., Раҳмихудоева Б., Каримова З., машғуланд.

Доир ба бахши сеюми мавзӯъ «Педагогика ва равоншиносӣ» бо роҳбарии дотсент Ҳусейнов Б., и.в.дотсент Сангинова Д., муаллими калон Бобохоҷаева Г. тадқиқотҳои илмӣ мебаранд.

Бахши чоруми мавзӯъ «Инъикоси таърихи иқтисодиёт ва тиҷорат дар осори донишмандони гузашта ва муосири форсу тоҷик» ном дорад ва бо роҳбарии д.и.т., и.в.профессор Қурбонов Б., дотсент Саидов С., н.и.т., и.в.дотсент Пирназарова П., н.и.т. Абдулов А. муаллими калон Сангова Ф. ассистент Маҳмадсафои И. тадқиқот гузаронида истодааст.

Бояд гуфт, ки натиҷаи тадқиқотҳои устодони кафедра дар шакли рисолаю мақолаҳои илмӣ ба табъ расидаанд ва дорои аҳамияти калони назариявию амалӣ буда, дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург мебозанд.

Масалан, рисолаҳои шодравон профессор Зокирҷон Вазиров «Фалсафаи калом» (15 ҷ.ч.), «Таълимоти калом оиди ҷиҳод» (21 ҷ.ч.), «Очеркҳои фалсафаи калом ва футувват» (16 ҷ.ч.) ва «Таълимоти ахлоқии калом» моҳияти фалсафӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии каломро кушода пешкаши аҳли илм гардониданд. Рисолаю мақолаҳои шодравон дотсент Шоихтиёров Х. доир ба таълимоти фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккирони шарқ ал-Калкашандӣ, Фақеҳ ал-Мовардӣ, Насриддини Тусӣ ва ба хусус, «Фалсафаи иҷтимоии Насриддини Тусӣ» дар илми таърихи фалсафаи халқи тоҷику форс саҳифаи нав аст. Дар ин бахш рисолаи н.и.ф., дотсент Авғонов С. «Таълимоти Ғазолӣ доир ба давлат» низ ҷолиби қайд аст.

Дар бахши фалсафаи иҷтимоӣ дотсент Хуморов Д. доир ба мавзӯи «Тамоили инкишофи миллат ва муносибатҳои миллӣ» кор карда, рисолаи «Худшиносии миллӣ шарти ваҳдат» ва мақолаҳои «Мақоми ақаллиятҳои миллӣ дар ҳаёти миллати соҳибдавлат», «Худшиносӣ асоси идеологияи давраи гузариш», «Худшиносӣ шарти ваҳдати миллӣ», «Нақши сарвари сиёсӣ дар пешрафти давлати миллӣ»-ро ба чоп расонид. Дотсент М. Шарипов рисолаи «Фарҳанги экологӣ мушкилоти ташаккулёбӣ» ба забони русӣ ва рисолаи «Экологияи иҷтимоӣ» ба забони тоҷикӣ, и.в. профессор Хидирова М. рисолаи «Ҳалли моҷароҳои сиёсӣ», дотсент Неъмонов Ҷ. рисолаҳои «Тамоилҳо дар инкишофи муносибатҳои миллӣ», «Сиёсати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир» ва «Потребности и регуляция человеческих действий»-ро аз чоп бароварданд.

Дар бахши равоншиносӣ аз ҷониби шодравон дотсент Пудинаев А. китоби «Равоншиносӣ», рисолаҳои «Афкори равоншиносии мутафаккирони форсу тоҷик», «Тарбияи маънавии ҷавонон», аз ҷониби дотсент Ҳусейнов Б. рисолаҳои «Асосҳои маҳорати педагогӣ», «Шашкат дар диёри Рӯдакӣ», «Луғати мухтасари мафҳумҳои равоншиносӣ» нашр гардиданд.

Дар бахши таърихи халқи тоҷик натиҷаи тадқиқотҳои устодон бо номи «Инкишофи илмҳои табиӣ дар асрҳои УШ-ХП дар мамлакатҳои Аҷаму Араб»-и д.и.т., Қурбонов Баҳромҷон, «Ҳадиқат-уш-шуаро»-и Девонбегии Шерозӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ-фарҳангӣ ва адабии форс-тоҷик асрҳои ХУШ-Х1Х»-и н.и.ф., Саидов Султонмурод чоп гардидаанд.

Як бахши муҳими кори кафедраро ҷалби донишҷуён ба маҳфилҳои фаннӣ ташкил медиҳад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯёни боистеъдод ва қобилияти пажӯҳишгарии онҳо муайян карда мешавад ва аз ҳисоби онҳо ҳайати устодон пурра гардонда мешавад. Дар кафедра се маҳфил «Файласуфи ҷавон», «Сиёсатшинос» ва «Муаррихи ҷавон» фаъолият менамоянд ва онҳоро н.и.с., дотсент Неъмонов Ҷ. муаллими калон Каримова З ва н.и.т., муаллими калон Пирназарова П. роҳбарӣ менамоянд.

Аз соли 2002 инҷониб кафедра шогирдонро аз ду фан- фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба олимпиадаҳои донишҷӯёни мактабҳои олӣ тайёр менамояд ва ҳар сол ба гирифтани ҷоизаҳои олимпиада ноил мегарданд. Масалан, донишҷӯи факултаи «Тиҷорат ва гумрук»- ихтисоси 2712 Аҳтамов Умед бо роҳбарии дотсент Хуморов Д. ду сол паи ҳам дар олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ аз фанни “Фалсафа” ширкат намуда, соли аввал ҷои сеюм ва соли дуюм ҷои якумро ишғол намуд.

Ҳамин гуна муваффақиятро донишҷӯи ихтисоси 0606 Накатова Бону бо роҳбарии профессор Одилов Н. ба даст овард. Ӯ се маротиба дар олимпиада иштирок намуда, ҳамасола ғолиби он буд. Соли 2013 донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 24.01.01. Навоии Бердӣ аз фанни сиёсатшиносӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷои дуюмро ишғол намуд. Таҳти роҳбарии дотсент Шарипов М.И. соли 2008 Ҳамидова Гулнора донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 260202 аз фанни фалсафа ҷои якум ва соли 2014 донишҷӯи курси 4-ум Розиқов Дилошуб аз фанни фалсафа ҷои 2-юмро ишғол намуданд ва соли 2015 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25.01.08р Урунова Меҳрангез дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Ҷоми академияи илмҳоро аз фанни фалсафа соҳиб гардид.


 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Вы здесь: Асосӣ Фанҳои ҷамъиятшиносӣ