Душанбе, 14 Апрел 2014 08:58

ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТИҶОРАТ

Written by
Rate this item
(0 votes)

Факултети иқтисодиёт ва тиҷорат соли 1987 дар заминаи филиали Донишкадаи савдои советӣ-кооперативии шаҳри Новосибирск ташкил ёфта, ҳамчун факултети иктисодиёт ва баҳисобгирӣ шинохта шуд. Факултет солҳои 1990-1995 бо номҳои факултети молшиносӣ ва тиҷорат, солҳои 1995-1997 факултети тиҷорат ва технология ва солҳои 1997-2021 факултети тиҷорат ва гумрук фаъолият намудааст. Дар айни ҳол номи факултет иқтисодиёт ва тиҷорат мебошад.

Тӯли солҳои зиёд ба факултет номзади илми иқтисодӣ, дотсент Салий В.В. (1987-1988), номзади илми иқтисодӣ, дотсент Абдулназаров Н, (1988-1992), Ҳусейнов К.Б. (1992-1997), доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р. К. (1997-1999), профессор Маҷидов Ҳ.М. (1999-2008), номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Салимов Н.С. (2008-2017) ва доктори илми иқтисодӣ, и.в. профессор Саидова М.Ҳ. (2017-2021) роҳбарӣ кардаанд. Ба факултет кафедраҳои зерин вобаста карда шудаанд:

– фаъолияти гумрукӣ;

– маркетинг ва тиҷорат;

– иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ;

– экспертизаи молҳо, технология ва сервиси тарабхона;

– математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ.

Факултет мутахассисонро дар асоси низоми кредитии таҳсилот аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

1-250109 – молшиносӣ ва экспертизаи молҳо;

1-910101 – технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ;

1-960101 – хадамоти гумрукӣ;

1-250110 – тиҷорат дар бозори берунӣ;

1-910201 – сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо;

1-26020305 – маркетинг дар бозори байналхалқӣ;

26020101 – бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат.

250107 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо;

25010717 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ;

25010720 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ;

25010732 – иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо.

Дар факултет ҳайати соҳибтаҷрибаи профессорону омӯзгорон ва кормандон фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон мегузоранд.

Факултет дорои заминаи устувори моддӣ-техникии замонавӣ мебошад ва дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ дар озмоишгоҳи технологияи хӯроки омма, экспертизаи молҳо озмоишгоҳи физика гузаронида мешаванд. Айни замон синфхонаҳои факултет бо технологияи муосир, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва видео-проекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълим мусоидат менамоянд.

Дар факултет ҳамасола маҳфилҳои гуногуни илмию эҷодӣ, олимпиадаҳо, викторинаҳо, конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ гузаронида шуда, донишҷӯён дар ин тадбирҳои муҳимми илмию фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар айни ҳол хатмкардагони факултет дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд.

Дар байни донишгоҳ ва вазорату муассисаҳои гуногуни давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин шудан ба кор доимӣ имконияти васеъ доранд.

Аз моҳи январи соли 2021 номзади илми иқтисодӣ, дотсент Абдурасул Ҷабборов декани факултет таъйин гардид.

Ҳайати профессорон ва номзадҳои илме, ки дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорат фаъолият менамоянд:

– Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Ҳабибов Сафиувло Ҳабибович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Нидоев Нозим Фозилович, доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессор;

– Раҷабов Раҷаб Кучакович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Тошбоев Ғаниҷон Аскарович, доктори илмҳои химия, профессор;

– Қодирова Заррина Ҳалимовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Шаропов Фарҳод Разоқович, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Маҷидов Ҳамид, доктори илмҳои техникӣ, профессор;

– Ҷамшедов Маҳмадназар, доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессор;

– Саидов Саймаҳмуд Сайдаҳмадович номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Сангинов Назрулло Сангинович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Толибов Қобил Қосимович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Зелнер Евгения Янкелевна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Ҷабборов Абдурасул Иброҳимҷонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Самиев Фахриддин Бобоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Норқӯзиева Биҷамила, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Ҳамитов Муҳитдин Сайдалиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Юсупов Сулаймон Юнусович, номзади илмҳои техникӣ, дотсент;

– Ҳикматов Суҳбатулло Исматович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Табаров Абдусаме Қаюмович, номзади илмҳои химия, дотсент;

– Буриев Лоиқшоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Ҳакимов Абдумалик Абдуваҳҳобович, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Таваров Лутфилло Толибович, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Мухторзода Саидмухтори Саидаҳрор, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Хубони Сорбон, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Мараимов Баҳром Мирзоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ и.в дотсент;

– Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Раҷабова Нурҳаёт Раҷабовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Исматуллоев Исматулло Убайдович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Ҳабибова Сабоҳат Сафиувлоевна, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Шарипов Нусратулло Зайдуллоевич, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент;

– Алиев Маҳмадҷон Баҳромович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Урунова Сарвиноз Азизовна, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Хоҷаев Диловар Хайриддинович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Палавонов Қурбонназар Қурбоналиевич, номзади илмҳои физика-математика;

– Сангмамадов Давлатмамад Сайфович, номзади илмҳои физика-математика, и.в. дотсент;

– Шокамолова Ҷилва Абдулназаровна, номзади илмҳои физика-математика, и.в. дотсент;

– Файзмамадова Лолазор Гадомамадовна, номзади илмҳои физика-математика;

– Валиев Наҷиб Ғуломамадович, номзади илмҳои физика-математика.

Read 15595 times Last modified on Чоршанбе, 17 Феврал 2021 14:55

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top