Чоршанбе, 17 Феврал 2021 10:50

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ

Written by
Rate this item
(0 votes)

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ соли 1994 таъсис ёфта, то имрӯз дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар самти иқтисодиёти ҷаҳон, ташкили робитаҳои байналмилалӣ, технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисод, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.

Факултет дорои заминаи пурқуввати моддӣ-техникӣ ва ҳайати арзандаи илмӣ-омӯзгорӣ мебошад. Дар раванди таълим омӯзгорон ва донишҷӯён аз синфхонаҳои замонавии компютерӣ ва лингафонӣ самаранок истифода мебаранд, ки барои дар сатҳи баланд азхуд намудани технологияи иттилотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки факултет яке аз нахустин сохтори макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад, ки аз соли 2005 ба татбиқи низоми кредитии таҳсил оғоз намуд.

Соли 2012 бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонии факултет аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, нахустин шуда дар ҷумҳурӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.

Дар факултет аз соли 2009 гурӯҳҳои махсус ташкил гардидаанд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет маҳфилҳои илмии “Иқтисоддони ҷавон” ва “Дипломатҳои ҷавон” амал менамоянд. Донишҷӯён дар маҳфилҳои илмӣ, конфронсҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ иштирок намуда, борҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Донишҷӯёни факултет, инчунин, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат намуда, саҳми арзандаи худро дар корҳои созандагӣ ва ободонию хуррамгардонии ҳудуди донишгоҳ гузошта истодаанд.

Дар факултет кафедраҳои зерин амал менамоянд:

– забонҳо.

– иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ;

– системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт;

– забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ;

– назарияи иқтисодӣ;

Дар факултет мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

– 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон;

– 230101 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ;

– 23010205 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ;

– 25010731 – иқтисодиёти бизнеси электронӣ;

– 250112 – информатикаи иқтисодӣ;

– 40010202 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

Мавриди зикр аст, ки дар факултет имкониятҳои воқеӣ дар доираи табодули кӯтоҳмуддат ва ё дар давоми як сместр басо зиёд аст. Дар давоми се соли охир беш аз 72 нафар донишҷӯи факултет дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои гуногун ба донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.

Дар факултет ҳамчунин донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо бомуваффақият таҳсил доранд.

Дар айни ҳол хатмкардагони факултет дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд.

Дар байни донишгоҳ ва вазорату муассисаҳои гуногуни кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин шудан ба кори доимӣ имконияти васеъ доранд.

Аз моҳи январи соли 2021 номзади илми иқтисодӣ, дотсент Абдукарим Курбонов декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ таъйин гардид.

Ҳайати профессорон ва номзадҳои илме, ки дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ фаъолият менамоянд:

– Дустбоев Шодимурод, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Шаропов Фарҳод Разоқович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Хоҷаев Парвиз Давронович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Муқаддасзода Фирдавс Муқаддас, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Исоматов Бобокалон Исоматович, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Акрамов Файз Маҳрамович, номзади илмҳои филологӣ, дотсент;

– Қурбонова Зулфия Маҳмаднабиевна, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент;

– Абдулазизова Зебо Садуллоевна, номзади илмҳои филологӣ, дотсент;

– Каҳҳоров Масъуд Маҳмудович, номзади илмҳои филологӣ, дотсент;

– Юнусова Маҳбуба Маҳмуродовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Юсупова Зебунисо Раҷабовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Ҳомидзода Ғуломшо, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Акбаров Абдураҳим Аҳмадович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Гурезов Ҷамшед Нурмаҳмадович, номзади илмҳои филологӣ, и.в дотсент;

– Насриддиниён Бобишоҳ Ҳасанпур, номзади илмҳои филологӣ, дотсент;

– Нодирӣ Сайдаҳмад Ҳодизода, номзади илмҳои филологӣ;

– Мирзоева Саёҳат Раҳмоновна, номзади илмҳои филологӣ;

– Турди- Аханова Ирода Абдумаликовна, номзади илмҳои филологӣ;

– Пакаева Зубайда Худойдодовна, номзади илмҳои филологӣ;

– Раҳмонқулов Мардонқул, номзади илмҳои педагогӣ;

– Қурбонов Маҳмадрасул Абдулқодирович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Абдураҳмонов Умархон Мӯсоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Ғозибекова Муҳаббат Ҳайдаровна, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Ҳомидов Абдуалим Нарзиқулович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Туйчиқулов Зуҳал Ҷониқулович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Расулов Ғафур, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Шамсов Фатҳиддин Тоирович, номзади илмҳои техникӣ;

– Забиров Ҷумахон Воҳидович, номзади илмҳои таърих;

– Азимов Абдушафе, номзади илмҳои физика-математика;

– Салимов Назаралӣ Сафарович, номзади илмҳои физика-математика;

– Насруллоева Мусолеҳа, номзади илмҳои физика-математика;

– Бобохонов Абдулмаҷид, доктор PhD.

– Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент.

Read 36 times Last modified on Панҷшанбе, 18 Феврал 2021 18:22

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top