Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

День открытых дверей KIMEP 3 марта в ТГУК с 16:00 до 18:00.

Асосӣ Факултаҳо МИБ ва ӽуқуқ

Салимов Назаралӣ Сафарвич
Декани факултети МИБ ва ҳуқуқ – раёсат
н.и.и., дотсент – кафедраи низоми технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

______________________________________________________________________________________________________________________________________

Салимов Н.С. 2-юми январи соли 1958 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳи мазкур ба ҳайси муаллими факултети физикаи Донишкадаи педагогии шаҳри Кȳлоб ба кор қабул шудааст.

Аз соли 1981 то соли 1983 ҳамчун коромȳз-тадқиқотчии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов фаъолият бурдааст.

Аз соли 1983 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва таҳсил кардааст.

Соли 1987 ба ҳайси муаллими кафедраи физикаи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кȳлоб кор кардааст.

Аз соли 1989 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи Донишкадаи педагогии шаҳри Кȳлоб кор ва фаъолият кардааст.

Соли 1994 ба ҳайси  муовини декан оид ба таълими факултети физикаи Донишкадаи педагогии шаҳри Кȳлоб кор кардааст. Худи хамон сол рисолаи номзадии худро дифо намудааст.

Аз соли 1995 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кȳлобро ба зима гирифтааст.

Соли 1998 ба вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз соли 2001 то соли 2008 ба ҳайси сардори шуъбаи таълим, сардори департаменти таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.

Салимов Н.С. соли 2008 ба вазифаи декани факултети тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз ноябри соли 2017 бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вазифаи декани МИБ ва ҳуқуқро ба зима гирифтааст.

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ