Чоршанбе, 17 Феврал 2021 11:30

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Written by

Факултети молия ва қарз аз ҷавонтарин факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Факултет дар соли таҳсили 2008-2009 дар заминаи факултети иқтисодиёт ва менеҷмент таъсис дода шуда, яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, кадрҳои баландихтисосро барои соҳаҳои молия, суғурта ва коғазҳои қиматнок, фаъолияти бонкӣ, нозироти андоз ва омор омода менамояд.

Дар факултет ҳамасола шумораи зиёди мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура омода карда мешаванд.

Факултет дорои ҳайати илмӣ-омӯзгории пурқувват ва соҳибтаҷриба буда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия саъю кӯшиши зиёдро ба харҷ медиҳад. Ҳамчунин, ба ҷараёни таълим роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар сохторҳои молиявӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар факултет маҳфилҳои илмии «Молия ва қарз», «Суғурта ва андозбандӣ» ва «Фаъолияти бонкӣ» амал менамоянд. Донишҷӯён дар ин маҳфилҳои илмӣ, конфронсҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ низ ширкат намуда, ғолибият ба даст овардаанд. Иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ дар сатҳи баланд қарор дорад.

Соли 2010 дар сохтори факултет бонки таълимӣ ташкил карда шуд, ки дорои шароити техникии замонавӣ мебошад. Ташкили чунин бонк имкон дод, ки машғулиятҳои амалӣ бевосита дар он гузаронида шаванд, ки ин ба баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии дарсҳо аз ҷониби донишҷӯён мусоидат намуд.

Дар факултет кафедраҳои зерин фаъолият менамоянд:

– молия;

– фаъолияти бонкӣ;

– андоз ва суғурта;

– тарбияи ҷисмонӣ.

Дар факултет мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

– 25.01.04.07 – молия ва қарз;

– 25.01.04.02 – кори бонкӣ;

– 25.01.04.03 – андоз ва андозбандӣ;

– 25.01.04.04 – суғурта;

– 25.01.05.00 – омор;

– 96.01.01.03 – бехатарии иқтисодӣ.

Бояд таъкид дошт, ки хатмкунандагони факултет асосан дар соҳаҳои бонкдорӣ, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, мақомоти андозу молия, омору суғурта ва дигар корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликиятдорӣ фаъолият карда метавонанд. Ҳоло хатмкардагони факултет дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикмалубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, мақомоти андоз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд. Қисми зиёди онҳо имрӯз роҳабарони ташкилотҳои бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ гардидаанд.

Дар байни донишгоҳ ва бонкҳои пешқадам шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин шудан ба кори доимӣ имконияти васеъ доранд.

Ҳар сол моҳи декабр дар доираи «Ҳафтаи факултети молия ва қарз» маҳфилҳои илмию эҷодӣ, дарсҳои кушод, семинар-конфронсҳои байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, олимпиадаҳо, викторинаҳо гузаронида мешавад.

Аз 13.01.2021 роҳбарии факултетро номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳриддин Нурдинов ба уҳда дорад.

Ҳайати профессорон ва номзадҳои илме, ки дар факултети молия ва қарз фаъолият менамоянд:

– Раҳимзода Шариф Махсум, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Ҷабборов Абдусаттор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Раҷабов Раҷаб Кучакович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор;

– Саидова Мунаввар Ҳамитовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессор;

– Исупова Басгул Файзуллохоновна, доктор PhD дотсент;

– Ашӯров Фирӯз Маҳмадалиевич, доктор PhD.

– Қурбонзода Фариза Хол, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Муртазоев Ораз Қарахонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент;

– Дустматов Баҳодур Муродович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Аминов Фотеҳҷон Иномҷонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Султонов Зоиршо Султонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Қурбонов Абдукарим Раҳимович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Ашӯров Ғайрат Давлатович, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент;

– Раҷабов Комрон Раҷабович, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Туйчиқулов Зухалҷон Ҷониқулович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Раҳмонов Луъмон Субҳонович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Содиқов Раҳмон Ҳамроевич, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top