Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии соли нави таҳсили 2018-2019 ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору таҳсил ва зиндагиашон барору комёбиҳо таманно доранд.

Асосӣ Факултаҳо молия ва фаъолияти бонкӣ

Молия ва фаъолияти бонкӣ

Факултети молия ва фаъолияти бонкӣ яке аз ҷавонтарин факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Факултети мазкур дар соли таҳсили 2008-2009 дар заминаи факултети иқтисодиёт ва менеҷмент таъсис дода шудааст.

Дар сохтори факултет кафедраҳои молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, андоз ва суғурта фаъолият менамоянд, ки дорои ҳайати илмӣ - омӯзгории пурқувват буда, ҳамчунин ба ҷараёни таълим роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар сохторҳои молиявӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳайати илмӣ - омӯзгории факултет аз рӯи мавзӯъҳои зеррин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иҷро менамоянд: «Роҳҳои беҳдошти хизматрасонии бонкӣ дар Тоҷикистон» ва «Ташаккул ва рушди низоми молиявии ҷумҳурӣ».

Донишҷӯёни факултет ба маҳфилҳои илмии «Молия ва қарз», «Суғурта ва андозбандӣ» ва «Фаъолияти бонкӣ» ҷалб карда шудаанд ва боиси қаноатмандист, ки иштироки онҳо дар конфронсҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сол аз сол рӯ ба афзоиш аст. Аллакай дар байни донишҷӯён нафароне ҳастанд, ки ғолибон ва ҷоизадорони чунин озмунҳо гаштаанд.

Донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ низ ширкат намуда, ғолибият ба даст овардаанд. Иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.

Соли 2010 дар сохтори факултет бонки таълимӣ ташкил карда шуд, ки дорои шароити техникии замонавӣ мебошад. Ташкили чунин бонк имкон дод, ки машғулиятҳои амалӣ бевосита дар он гузаронида шаванд, ки ба баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии дарсҳо аз ҷониби донишҷӯён мусоидат намуд.

Дар факултет мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

25.01.04 - Молия ва қарз
25.01.04.02 - Кори бонкӣ
25.01.04.03 - Андоз ва андозбандӣ
25.01.04.04 – Суғурта

Хатмкунандагони факултети “Умури бонкӣ” асосан дар соҳаҳои бонкдорӣ, муассисаҳои мухталифи қарзӣ, мақомоти андозу молия ва дигар корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликиятдорӣ, фаъолият карда метавонанд. Ҳоло хатмкунандагони факултет дар мақомоти Ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикмалубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, мақомоти андоз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд. Қисми зиёди онҳо имрӯз роҳабарони ташкилотҳои бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ гардидаанд.

Байни донишгоҳ ва бонкҳои пешқадам шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст, ки донишҷӯён барои гузаштан аз таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин намудан бо кори доимӣ имконияти васеъ доранд.

Дар факултети мазкур ҳар сол моҳи декабр «Ҳафтаи факултети молия ва фаъолияти бонкдорӣ» бо маҳфилҳои илмию – эъҷодӣ, дарсҳои кушод, семинар – конрофнсҳои байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, сабқатҳои илмӣ, олимпиадаҳо, викторинаҳо гузаронида мешавад.

Раёсати факултети «Молия ва фаъолияти бонкӣ» боварии комил дорад, ки хатмкардагони факултет дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.

Аз соли таъсис сохтори факултети мазкур якчанд маротиба тағйир ёфтааст. Айни ҳол дар таҳти факултет кафедраҳои зерин вуҷуд доранд:

1.    Молия ва қарз
2.    Фаъолияти бонкӣ
3.    Андоз, андозбандӣ ва суғурта

Ҳоло дар факултети молия ва фаъолияти бонкӣ 1 330 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Шумораи донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук дар соли таҳсили 2017-2018

Рӯзона

Ғоибона

Ҳамагӣ:

Бакалавриат

694

587

1 281

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Факултаҳо молия ва фаъолияти бонкӣ