Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

Факултаи иқтисодиёт ва менеҷмент

Декан:  н.и.и., дотсент
Мирзоалиев А.А.
телефон:  (372) 234-83-48  

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

 ______________________________________________________________________________________________________

ФАКУЛТАИ «ИҚТИСОДИЁТ  ВА МЕНЕҶМЕНТ»

   Маориф  асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумӯи ҷомеа таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф ташкили раванди бо низом ва бо сифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷуён  ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад.           Эмомали Раҳмон

   Таваҷҷӯҳ ба мактабу маориф дар сиёсати Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми аввалиндараҷа дорад. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон  таваҷҷӯҳ ба мактабу маориф яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони варзида ба ҳисоб меравад. Сол то сол зиёд шудани маблуғгузори ба ин соҳаи ҳаётан муҳими зиндаги далели ин андеша аст.

Ислоҳоти куллии низоми таҳсилоти олии касбӣ, ки дар Чумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва таҳти роҳбарии бевоситаи  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст, ба болоравии сифати тайёр намудани мутахассисони касбӣ мувофиқи талаботи стандартҳои байналхалқии таҳсилот ва воридшавии мактабҳои олии кишвар ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон равона шудааст.

   Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон чунин қайд мекунад, ки: «Низоми кредитии таҳсилот водор месозад, ки ҳам донишҷӯ ва ҳам муаллим ҳамеша дар ҷустуҷӯ  бошанд ва ҳар чӣ  бештар ба воситаҳои таълимию методӣ ва технологияи муосири иттилоотиву комменикатсионӣ истифода намоянд. Бояд гуфт, ки гузаштан ба низоми нав ва ҷорӣ кардани меъёрҳои он яке аз ҳадафҳои асосии мо дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад».

   Ин суханони сарвару пешвари миллатамон дар назди мо аҳли маориф масъулияти бузургеро мегузорад. Мо бояд дар омода намудани кадрҳову мутахасиссони донишманду заковатманд ва дорои ҷаҳонбинии наву замонавӣ тамоми саъю талошамонро равона созем. Барои расидан ба ин ҳадаф аз тамоми имконот ва захираҳо истифода барем.

Факултаи «Иқтисодиёт ва менеҷмент», ки воқеъан ифтихори донишгоҳ аст дар ин ҷода бояд нақши пешгомиро бозад.

    Имрӯзҳо  ҳайати устодон ва донишҷуёни факултаи «Иқтисодиёт ва менеҷмент» аз рӯи нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ ва факултет кору фаъолият намуда,  тасмим гирифтаанд, ки онро бо рӯҳияи худшиносию ифтихори миллӣ таҳлил намоянд. Вобаста ба ин солҳои охир факултет ба дастовардҳои калон соҳиб шуда, мутахасиссони зиёдеро ба воя расонда, омодаи хидмати Тоҷикистони соҳибистиқлол гардонид.

    Имрӯзҳо дастпарварони факултет дар соҳаҳои гуногунии иқтисодиёти Ҷумҳурӣ  ва берун аз он саҳми худро гузошта истодаанд. Аз ин лиҳоз,  имрӯз нишондиҳандаҳои асосии сифати тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, дархостшавии онҳо аз ҷониби кордиҳандагон дар бозори меҳнат,  рақобатпазирӣ ва ноил гардидан ба мартабаҳои баланди касбӣ ба шумор мераванд. Амалӣ гардонидани ин сиёсат ислоҳоти куллии соҳаи маориф, аз он ҷумла ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилотро ба стандартҳои ҷаҳонӣ тақозо менамояд.

   Маҳз, бо мақсади таъмини болоравии сифати таьлим дар доираи Консепсияи  миллии ислоҳоти маориф Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон дурнамо ва роҳҳои пайгирона воридшавии кишварамонро ба фазои ягонаи таҳсилоти Аврупо,  аз ҷумла ба Баёнияи Болония муайян намудааст, ки самтҳои муҳими он гузариш ба низоми кредитии таҳсилот мебошад.

    Аз ин лиҳоз  барои иҷро намудани ин вазифаи муҳим ва бартараф намудани эродҳои Президенти кишвар оид ба ин масъала ҳайати устодон ва донишҷӯёни факултети «Иқтисодиёт ва менеҷмент»  диққати махсус дода, аз соли хониши 2006-2007 факулта пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузашт.

   Амалии гардидани ин сиёсат дар ДДТТ ва аз он ҷумла, дар яке аз факултаҳои калонтарини он «Иқтисодиёт ва менеҷмент» дуруст ба роҳ монда шудааст ва моро вазифадор месозад, ки баҳри рушди соҳаи маориф саъю кӯшиши бештар намоем ва барои боло рафтани сатҳи дониши донищҷӯён тадбирҳои заруриро амалӣ гардонем.

   Факултети «Иқтисодиёт ва менеҷмент»  яке аз сохторҳои муҳиму таркибии донишгоҳ мебошад, ки мутахассисони соҳаи иқтисодиёту тиҷоратро аз рӯи ихтисосҳои 250107- «Иқтисодиёт ва идоракуни корхонаҳо» (бо забони тоҷикӣ ва русӣ), 250108-«Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» (бо забони тоҷикӣ ва русӣ),   260202- «Менеҷмент» (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) ва 400102 – «Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» тайёр менамояд.

Дар ҳайати факултет 5 -кафедраҳои зерин фаъолият менамоянд:

    1.     Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ –мудир, н.и.и., дотсент Исматуллоев.
    2.     Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит - мудир, н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.
    3.     Таърих  ва   филология – мудир, н.и.т., дотсент Қурбонов Б.
    4.     Менеҷмент – мудир, н.и.и., Аминов Ф.И.
    5.     Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт – мудир,  Юнусов Шамшер Юсуфович.

          Нишондиҳандаҳо гувоҳӣ онанд, ки ҳайати устодон барои ҷорӣ шудани ин низом корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд.

   Маҳз,  серталабии  роҳбарияти факулта ва устодон ба он оварда расонд, ки иштироки донишҷӯён ба дарсҳо беҳтар шуда, дараҷаи азхудкунӣ боло рафт.

    Устодони ин факулта ба сифати таълим эътибори ҷиддӣ дода, пайваста бар он кӯшиш доранд, ки шумораи донишҷӯёни аълохон афзояд. Ин нишондиҳанда дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кори маҳфилҳои фанние, ки дар факулта амал менамоянд, ба даст омад.

  Олимони факулта ба омӯзиши «Ҷанбаҳои назариявии ташаккул ва рушди муносибатҳои бозоргонӣ» машғуланд. Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони факулта дар шакли монографияҳо,  рисолаю мақолаҳо, инчунин китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ дар ҳаҷми зиёда аз 900 ҷузъи чопӣ нашр гаштаанд. Ҳамчунин дар факулта ба тайёр кардани мутахассисони дараҷаи олӣ диққати махсус дода мешавад.

   Хатмкунандагони факулта дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ кор ва фаъолият намуда,  вазифаҳои басо маъсулиятнокро иҷро менамоянд. Аз он ҷумла, Кабиров Ш. – н.и.и., ҷонишини директори генералии Заводи арзии Тоҷикистон, Саидов Ҷ. - директори молиявии «Тоҷсервис», Умаров У.- н.и.и., корманди Бонки ҷаҳонӣ, Мирзоалиев А.А. декани факултети «Иқтисодиёт ва менеҷмент», Шаропов Ф.Р.- н.и.и., барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, декани факултаи «Муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқ»- и  ДДТТ,  номзадҳои илми иқтисодӣ дотсент Толибов Қ.Қ. проректор оид  ба таълими ДДТТ, Қурбонов А.Р.н.и.и., дотсент  декани факултаи «Умури бонкӣ», Мирзоалиев А.А.- н.и.и., мудири кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит», Ҳусейнова Д.К., Ашӯров Ғ.Д. ва дигарон ифтихори донишгоҳанд.

   Ҳамаи  дастовардҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки коллективи устодон ва кормандони ин факулта баҳри бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста заҳмат мекашанд.

   Дар маҳфилҳои «Менеҷмент», «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ», «Ҳисобдорӣ ва аудит», «Технологияи компютерӣ», «Забони тоҷикӣ», «Русское  слово», «Матни классикӣ», «Таърих» зиёда аз 200 нафар донишҷӯён ҷалб карда шуда,  ҳар кадом дар мавзӯъҳои мушаххас корҳои илмию тадқиқотӣ иҷро менамоянд. Ин агар аз як тараф қобилияти фикрронии донишҷӯёнро инкишоф диҳад, аз тарафи дигар,  хоҳиши донишҷӯёнро нисбат ба пажӯҳишгарӣ меафзояд. Роҳбарияти факулта  барои дар озмунҳои гуногун иштирок намудани донишҷӯён эътибори ҷиддӣ дода, пайваста бо онҳо кори фаҳмондадиҳиро истифода мекунад, ки ин натиҷаи хуб ба бор меорад. Донишҷӯёни факулта бо натиҷаҳои тадқиқотҳои иҷро намуда,  дар кори конфронсҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд

   Факултет дар  ошёнаи бинои таълимии №1 донишгоҳ ҷойгир мебошад. Деканати факултет ва кафедраи «Таърих ва филология» дар ошёнаи якум қарор дошта, кафедраҳои тахассусии дар боло номбаршуда, бо синфхонаҳо, кабинетҳои методӣ, синфҳои компютерӣ таъмин буда, онҳо дар қабати 2-юм ва 3-юми бинои таълимӣ ҷойгиранд.

  Яке,  аз омилҳои муҳимтарини беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати он таъмин будан ба базаи моддию техникии ҳозиразамон мебошад, ки бевосита таъсири худро ба раванди умумии тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумот мерасонад. То ибтидои соли хониш ҳамаи синфхонаҳо,  кабинетҳо, роҳравҳо,  ҷойҳои истифодаи умумии факултет пурра таъмир карда шуд. Хусусан, ба ороиши роҳравҳо ва кабинетҳои методии кафедраҳо диққати махсус дода шуд.  Дар   аввали соли таҳсили 2013-2014 раёсати факултет ва ҳамаи устодон бо ёрии донишҷӯён тавонистанд ҳолати қаноатбахши  санитарии синфхонаҳоро таъмин намоянд.

      Имрӯзҳо аҳли омӯзгорони факулта тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу гуворо гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар тартиб додани воситаҳои айёнӣ, маводҳои иттилоотӣ барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас  сарф менамоянд.

    Шумораи умумии кормандони илмию  омӯзгорӣ    дар соли таҳсили 2013-2014  дар факултаи «Иқтисодиёт ва менеҷмент»  аз  133- нафар иборат буданд, ки аз онҳо 3 нафар докторони илм, профессорон; 35- нафар номзадони илм, дотсентон; 46-нафар муаллими каллон; 39-нафар ассистентон, 5-нафар лабарантон ва 5- нафар операторон мебошанд.

    Дар коллективи омӯзгорони факулта олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ба монанди профессорон Фақиров Ҳ.Н., Ҳабибов С.Ҳ.,  Казакова У.С., дотсентон –Сангинов Н.С.,  Толибов Қ.Қ., Мирзоалиев А.А., Шобеков М., Менгниев А.Х., Зарипов Э.Ш.,  Анваров М.М., Азимбоев А., Исоев Р.С.,  Қодирова З.Х., Мирзоалиев А.А., Шаропов Ф.Р., Авғонов С., Саркоров Н., Аминов Ф., Қурбонов Б., Саидов С., Насридиниён Б., Ҷонов Г., Имомназаров М., Қосимов М.,  Насруллоева М., Сангинова Р.,  Каҳҳоров М.,  ва дигар олимони  болаёқат кор ва фаъолият намуда, дар ташкили сифатнокии раванди таълим саҳми босазои худро мегузоранд.

   Дар давоми солҳои охир дар ҳамаи кафедраҳои тахассусӣ барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати махсус дода шуда, сари вақт ҳамаи маводҳо тайёр карда шуда ба Дастгоҳи марказии «Тоҷикматлубот», « Амонатбонк», Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои  ҶТ, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ», ҶШМ «Меҳмонхонаи Тоҷикистон», Хоҷагии обу корезии ш.Душанбе, XСК «Агроинвестбонк», Шӯрои Ҷумҳуриявӣ оид ба сайру саёҳати ҶТ, Комитети ҷавонон, варзиш ва саёҳии ҶТ ва дигар корхонаву муассисаҳо  гуфтушунидҳо гузаронида,  шартномаҳо баста шуданд.

   Корҳои тарбиявӣ низ дар факулта ба сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шудааст. Саҳми устодон ва донишҷӯёни факулта дар ободонӣ, кабудизоркунӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди донишгоҳ ва боғи ботаникии шаҳри Душанбе хеле  назаррас аст. Бахшида ба ҷашни «Наврӯзи Аҷам» дар донишгоҳ озмуни «Наврӯз 2013»  баргузор гардид, ки дар он ҷашн факулта саҳми хешро гузошт.  Ҳамчунин   бахшида ба ҷашнвораҳо дар байни устодон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид, ки устодони факулта дар намудҳои гуногун ҷойи аввалро сазовор гардид. Донишҷӯёни факулта низ дар мусобиқаҳои варзишии донишгоҳ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз байни донишҷӯёни факулта дар дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам» ҳавасмандон шомил гардидаанд, ки онҳо дар барномаи маҳфили «Зарифон» баромад намуда обрӯи факулта ва донишгоҳро баланд бардоштанд. Инчунин,  бахшида ба иди «Бонувон», рӯзи «Ҷавонон» ва дигар ҷашнҳо ҳамасола чорабиниҳои зиёди илмию – фарҳангӣ баргузор мегардад.

   Ҳамаи дастовардҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки коллективи устодон ва кормандони ин факулта баҳри бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста заҳмат мекашанд.

   Факултет аз ташкилёбии донишгоҳ фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро олимони варзида Аминов И.А., Туробов М., Ҳабибов С.Ҳ., Раҷабов Р.К., Толибов Қ.Қ., Қурбонов А.Р. ва Мирзоалиев А.А. ба ӯҳда доштанд.

   Ҳоло бошад, дар  сохтори факултет ба ҳайси  декан- н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А., муовини декан оид ба таълим – дотсент Авғонов С.М., муовини декан оид ба тарбия- м/к Қозихонова О., муовини декан оид ба илм-м/к Ҷонов Ҷ. фаъолият менамоянд.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ