Печать

Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ донишҷӯёни фаъол таҳсил менамоянд, ки онҳо пайваста дар чорабиниҳои фарҳангӣ-ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Донишҷӯёни факултет дар соли таҳсили 2018-2019 дар озмуни «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат» дар байни донишҷӯёни МТОК ва коллеҷу литсеҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Шарифзода Зебогул, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ ҷойи 1, Ваҳҳобзода Гулрухсор, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 230101 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ ҷойи 3-юм ва Тӯраева Шаҳло, собиқ донишҷуи курси 4-уми ихтисоси 230101 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Донишҷӯёни фаъоли факултет дар соли таҳсили 2018-2019 дар барномаи грантии Куриёи Ҷанубӣ ширкат варзиданд ва соҳиби роҳхат гардиданд. Инҳо Сафарова Меҳрангез, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон, Сулаймонов Эҳсон, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон ва Алоҷонова Моҳира мебошад. Дар соли таҳсили 2017-2018 донишҷӯёни факултет Саидзода Навбаҳор, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон ва Мирбобоева Нафиса собиқ донишҷуи курси 4-уми ихтисоси 230101 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ ба мудати шаш моҳ ба шаҳри Пизаи Ҷумҳури Италия барои таҳсил фиристода шуданд.

Донишҷуёни факултет дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Масалан Каримов Наврӯз дар мусобиқаи гуштин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни 63 кг сазовори ҷойи якум ва Юсупов Дилшод дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Федератсияи Россия сазовори медали нуқра гардидааст.