Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ муносибатҳои байналмилалӣ Шуъбаи робита бо ҷомеа

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Шуъбаи робита бо ҷомеа бахши сохтории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 2-юми октябри соли 2017 дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташкил шудааст.

Шуъбаи робита бо ҷомеа зимни иҷро кардани вазифаҳои муҳиму асосии худ ба масъалаи иртибот доштан бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла бо олимону устодон, кормандон, донишҷӯён таваҷҷуҳи вежа ва аҳамияти калон медиҳад. Шуъбаи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ, аз ҷумла кафедраҳо, раёсати таълим, шуъбаҳо ва факултетҳо дар гузаронидани чорабиниҳо, ҳамоишҳо, конфронсҳо, семинарҳои илмӣ, маъракаҳои фарҳангӣ ва мулоқоту сабқатҳои варзишӣ саҳм мегирад ва дар ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо устодону олимон ва донишҷӯёни фаъол барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва баланд бардоштани иттилоотнокии донишҷӯён саъю кӯшиш менамояд.

Ҳадафи шуъбаи робита бо ҷомеа - ташаккулёбӣ ва амалисозии сиёсати ягонаи иттилоотӣ бо мақсади ташкил намудани имиҷи мусбати донишгоҳ.

Коркарди консепсияи сиёсати дохилию берунаи донишгоҳ, барномаҳои ояндадор ва ҷорӣ дар соҳаи алоқа бо ҷомеа ва татбиқи чорабиниҳо оид ба ташаккулёбии афкори умум ба манфиати донишгоҳ бо истифодаи васоити ахбори омма.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи бахшҳои сохтории донишгоҳ оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи иттилоотӣ ва фарҳанги корпоративӣ (корҳои имиҷӣ, фаъолияти тарғиботӣ, намоишгоҳӣ, интернет, нашриётӣ ва полиграфӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ).

Ташкил ва таъмини фаъолияти низоми ягонаи ахбори корпоративии донишгоҳ: Маркази ТВ, идораи рӯзномаи «Тоҷир» ва вебсомонаи донишгоҳ.

Вазифаҳо - Таъмини алоқаи дуҷонибаи босамари роҳбарияти донишгоҳ бо гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳо, васоити ахбори омма ва ташкилотҳо.

Коркард ва банақшагириии стратегияи тарғиботии донишгоҳ, иштирок намудан дар гузаронидани чорабиниҳо ва кӯшиш кардан дар татбиқи онҳо.

Коркард ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ тарғиботӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ ва бахшҳои сохтории он.

Таъминоти дастгирии иттилоотӣ – тарғиботии консепсияи пешбурди донишгоҳ дар бозори хадамоти таҳсилотӣ ва дастовардҳои илмӣ.

Коркарди стратегия, банақшагирӣ ва амалигардонии фаъолияти корпоративии васоити ахбори оммаи донишгоҳ: Маркази ТВ, рӯзномаи  «Тоҷир» ва вебсомонаи ДДТТ.

Ба вуҷуд овардани алоқаҳои иттилоотии муносиб байни бахшҳои сохтории ДДТТва ташаккули фазои мусоиди иҷтимоӣ - равонӣ дар дохили донишгоҳ.

Ташкили кардани пажӯҳишҳо доир ба пазируфтани донишгоҳ аз тарафи ҷомеа ва гузаронидани таҳлили ВАО – и минтақавӣ  бо мақсади таҳрири барномаҳои мавҷуда ва сиёсати донишгоҳ дар соҳаи алоқа бо ҷомеа.

Ҳамкорӣ

Номгӯи бахш ва/ё шахси вазифадор

Маводи гирифташуда

Пешниҳод

Созмонҳои беруна

Намояндагони ташкилоҳои ҳукуматӣ

Дархостҳо

Иттилоот

ВАО

Дархостҳо

Таҳлили матбуотӣ

Агентии тарғибот

Пешниҳодҳо

Иттилоот

Бахшҳо ва шахсони мансабдори ДДТТ

Ректор

Фармонҳо

Лоиҳаи фармонҳо

Ноибони ректор

Таъйинот

Лоиҳаҳои таъйинотҳо

Деканатҳо

Иттилоот

Иттилоот

Идораи харидҳо

Дархостҳо

Иттилоот

Муҳосибот

Арзишҳои молӣ маводӣ

Санадҳо, ҳисоботҳо

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ