Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Ба маълумоти донишҷӯён мерасонем, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил ба муҳлати шаш моҳ дар Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид. Охирон муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 10-уми январи соли 2020 мебошад. Барои маълумоти иловагӣ ба шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоед.

Асосӣ Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук

Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук

Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ яке аз кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, соли 1997 дар натиҷаи ба ду кафедраи алоҳида: “Маркетинг ва тиҷорат” ва “Молшиносӣ ва экспертизаи молҳо” ҷудо гардидани кафедраи “Маркетинг, тиҷорат ва молшиносӣ” ташкил карда шуда, дар сохтори факултети тиҷорат ва гумрук дохил аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисоси 96010100 – хадамоти гумрук бори аввал ҳамчун ихтисоси омӯхташаванда соли 1995 дар кафедраи “Молия ва гумрук”-и факултети иқтисодиёти ҷаҳон бо ташабусси роҳбарияти донишгоҳ ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Соли 1997 баъди таъсиси кафедраи “Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ” ихтисоси 96010100 – хадамоти гумрук ба кафедра гузаронида шуд.

Айни замон кафедраи “Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ” ҳамчун кафедараи тахассусӣ мутахассисонро аз рӯи се ихтисос барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ тайёр карда истодааст:

- 1-96010101 - “Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ”;
- 1-250109 - “Молшиносӣ ва муоинаи мол;
- 1-91010101-“Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ”.

Хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон, иттиҳодияҳо ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, соҳибкории хусусӣ ва дар ташкилотҳои моликияташон гуногун дар вазифаҳои муовини сардори хадамот, сардори раёсат, муовини сардори раёсат, сардори шуъба, сарнозир - сармутахассис, нозири калон - мутахассиси калон, нозир-мутахассис, мутахассиси соҳаи гумрукӣ, молшинос-эксперт, муҳандис - технолог, молшинос, технолог, директори ташкилоту корхона дар вазорату идораҳо, муассиса ва дар дигар вазифаҳо мутобиқи касби азхудкардаашон кору фаъолият доранд.

Дар ташкил шудани ихтисоси 96010100 - хадамоти гумрук дар кафедраи молия ва гумрук ректори вақт Бобоев О.Б., собиқ ноиби ректор Фақеров Ҳ.Н. (ректори ҳозира), собиқ сардори Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳамроқулов Х.Ҳ., собиқ сардори раёсати тарифию гумрукии кумитаи мазкур, полковники хадамоти гумрук Нидоев Н.Ф. ва сарнозири раёсати кадрҳо, полковники хадамоти гумрук Насриддинов Ф.Б. саҳми босазо доранд.

Дар аввали таъсисёбӣ дар кафедра д.и.и., профессор Катаев А.Х., н.и.и., дотсент Раҷабов Р.К., н.и.б., дотсент Шомирсаидов Ш., н.и.б., дотсент Маҷидов А.Р., муаллимони калон Сўфиев М.М., Ярочкина М.А. ва лаборанти калон Амонова С.Ё. фаъолият менамуданд.

Аз соли соли 1997 то соли 2000-ум вазифаи мудири кафедраро д.и.и., профессор Катаев А.Х. ва аз моҳи сентябри соли 2000-ум ба таври озмун н.и.б., дотсент Шомирсаидов Ш. иҷро намудаанд.

Баъди дифои рисолаи доктории устоди кафедра Раҷабов Р.К. ва дифои рисолаи номзадии Ҳикматов С.И. (соли 2000-ум) потенсиали кадриву илмии кафедра боло рафт.

 Ҳайати профессорону омўзгорони “Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъоялияти гумрукӣ”

Устодони ҷавони кафедра хатмкунандагони ихтисоси фаъолияти гумрукӣ Самиев Ф.Б. – соли 2006 (роҳбари илмӣ профессор Раҷабов Р.К.) Ҷабборов А.И. –соли 2006 (роҳбари илмӣ дотсент Хикматов С.И.), Нидоев П.Р. – соли 2009 (роҳбари илмӣ профессор Катаев А.Х.), Раҷабова Н.Р – соли 2016 (роҳбари илмӣ профессор Фақеров Ҳ.Н.), Буриев Л.Ҷ. – соли 2016 (роҳбари илмӣ дотсент Хикматов С.И.) Алиев М.Б. – соли 2017 (роҳбари илмӣ профессор Раҷабов Р.К.) рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сазовор гардиданд.

Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз соли 2007 вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳикматов С., аз феврали соли 2011 ба зиммаи номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷабборов А.И. ва аз моҳи июни соли 2017 ба зиммаи доктори илмҳои иқтисодї, профессор Нидоев Н.Ф. гузошта шудааст.

Дар кафедра ба донишҷӯён устодони варзида профессорон Нидоев Н.Ф., Раҷабов Р.К., дотсентон Ҳикматов С.И., Ҷабборов А.И., Одинаев Ф., Самиев Ф.Б., Алиев М.Б., Бўриев Л.Ҷ. муаллимони калон Суфиев М.М., Хабибуллоев Г.С., Холов М.Х., Ашўров С.М., Ғаюрова Р.С. ва Назарбекова Н. дониши ҳаматарафа дода, дар устуворнамоии бехатарии бозори мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Роњбарияти кафедра бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ташхиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи гумрукии Федератсияи Россия, Академияи идоракунї ва Донишгоҳи техникии шаҳри Москва робита ва ҳамкориҳои зич дорад. Ҳамаи омўзгорони кафедра ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ машғул буда, масъалаҳои муҳимми соҳаи гумрук, молшиносӣ, стандартизатсиякунонӣ ва сертификатсияро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Омўзгорони кафедраи «Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ» доир ба мавзӯъҳои зерин татқиқоти худро анҷом дода истодаанд:

- самтҳои самаранок истифода бурдани потенсиали иқтисодии хизматрасонии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- проблемаҳои баланд бардоштани сифати маҳсулоти хӯрока дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Донишҷӯён дар машғулияти лабораторӣ аз фанни экспертизаи молҳо

Натиҷаи тадқиқотҳои омўзгорони кафедра барои истифодабарӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Тоҷикстандарт, Корпоратсияи хӯрокворӣ пешниҳод карда мешаванд. Инчунин аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ омўзгорони доимӣ ва ҳамкорони кафедра ҳар сол аз рӯи дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки натиҷаи корҳои илмӣ - татқиқотии омўзгорони кафедраи «Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ» дар раванди таълим мунтазам истифода бурда мешаванд. Омўзгорони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва дар сатњи олї тайёр кардани мутахассисону бакалаврҳо кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд. Бо ин мақсад омўзгорони кафедра васоити таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методиро аз фанҳои таълимии кафедра ба мисли «Таърихи фаъолияти гумрукӣ ва сиёсати гумрукӣ», «Ташкили назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт»,«Танзими давлатии фаъолияти гумрукӣ», «Ташкил ва технологияи назорати гумрукӣ», «Омори гумрукӣ», «Иқтисодиёт ва идоракунии фаъолияти гумрукӣ», «Пардохтҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ташкил ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук», «Танзими тарифию гумрукии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ», «Молшиносӣ ва экспертизаи молҳои хӯрока» аз чоп бароварда, дастраси донишҷӯён гардониданд.

Дар назди кафедра маҳфилҳои «Гумрук», «Декларант», «Экспертизаи молҳо» ва «Муҳандис-технологи ҷавон» амал менамоянд, ки дар онҳо зиёда аз 200 донишҷӯ ва ҳамаи омўзгорон ширкат варзида, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

Донишҷӯён пайваста дарсҳои амалии худро дар дидбонгоҳҳо ва раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук, Агентии стандартонӣ, метрология, сертефикатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳо ва корхонаҳои “Тоҷикматлубот” ва дигар муассисаҳо гузаронида, савияи дониши амалии худро тақвият мебахшанд. 

Ҳоло дар кафедра 2 профессор, 2 доктори илмҳои иқтисодї, 3 дотсент, 3 номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент, 1 номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон, 7 муаллими калон ва 4 нафар ассистент, 1 лаборант ва 1 коргузор кору фаъолият доранд.

Дар асосӣ нақшаҳои чорабинии илмии кафедра ҳамасола конфренсияҳои илмию амалӣ дар мавзӯъҳои “Нақши гумрук дар рушди муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дур ва наздик”, “Амнияти озуқаворӣ ва рушди босуботи фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Кафедра дар айни замон дар ҳайати зерин фаъолият дорад: Нидоев Н.Ф. – мудири кафедра, д.и.и., профессор; Раҷабов Р.К.- д.и.и., профессор; досентон Ҳикматов С.И., Ҷабборов А.И., Одинаев Ф., и.в. дотсент Самиев Ф.Б., Бўриев Л.Ҷ., Раҷабова Н.Р., н.и.и., муаллимони калон Алиев М.Б. муаллимони калон Сўфиев М.М., Њабибуллоев Г.С.,, Ашўров С.М., Холов М.Х., Ғаюрова Р.С., Назарбекова Н.А., Назаров Д. Н., ассистентон Файёзов Ҷ.Б., Латипов К.М., Ҷураева Г., Шаропов Ф.Н. ва Наврўзов Р.П.

Аз ҷониби омўзгорони кафедра корҳои илмии зиёде, аз ҷумла, 15 монография, 24 дастури таълимӣ, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ ба чоп расидааст. Корҳои муаллимон, асосан, ба нақш ва мавқеи мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили механизми ташкилию иқтисодии маъмурияти гумрук, асосҳои молшиносӣ ва муоинаи мол, хусусиятҳои хоси технологияи ҳозиразамони хуроки умумӣ бахшида шудааст.

Ҳамин тариқ, омўзгорони кафедраи “Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ” дар баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани муттахасиссони ҷавобгӯи стандартҳои давлатии соҳаҳои муҳими иқтисодӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

 

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук