Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

ОЗМУНИ КУШОД

Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо кумаки молиявии Вазорати рушди байналхалқии Бритониёи Кабир (DFID)


ОЗМУНИ КУШОД


барои интихоби иштирокчиёни барномаи омӯзишии омода намудани таҳлилгарон дар соҳаи молияи давлатӣ эълон менамояд.

Дар барномаи мазкур нафароне, ки сайқал додани маҳорат ва малакаи худро дар бахши таҳқиқотгузаронӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ дар соҳаи идораи молия доранд, аз қабили омӯзгорони ҷавони донишгоҳҳо, унвонҷӯён (аспирантҳо), тадқиқотчиён, фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва дигарон, даъват мешаванд.
Иштирокчиёни интихобшуда метавонанд дар давоми сол дар доираи бозомӯзиҳо оид ба усулҳои гузарондани таҳқиқоти таҳлилӣ, омода ва амалӣ гардонидани буҷети давлатӣ, таҳлили оморӣ ва регрессионӣ таълим гирифта, лоиҳа–маводҳои таҳлилиашонро таҳти сарпарастии роҳбаладони илмӣ иҷро намоянд.

Хоҳишмандон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- Шарҳи ҳоли мухтасар (CV);

- Мактуби ҳавасмандӣ;

- Ғояҳои консептуалӣ бо тавсифи таҳқиқоти таҳлилӣ дар соҳаи молия давлатӣ;

- Нусхаи диплом.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 25 сентябри соли 2017, то соати 17:00
Ҳуҷҷатҳо ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Вефа”, ошёнаи 4, ё худ ба тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефонҳо барои маълумот: (992 47) 441-07 47, (992 37) 227 55 58
Хуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ