Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ Эълонҳо Суратозмун

Суратозмун

ЭЪЛОН

Агар дарёфти кадрҳои зеборо дӯст медоред, агар аз даст суратгирак ва ё смартфонро намегузоред, агар ҳар як рухдоди мувофиқро истифода мебаред, ки ягон чизи шигифтангезро сабт кунед, ба суратозмуни лоиҳаи «Фаслҳои сол» - «Баҳор – 2018» марҳамат намоед!

Суратозмун бо мақсади дар тафаккури донишҷӯён парвариш кардани эҳсоси ифтихор аз донишгоҳ ва рушди қобилияти эҷодии онҳо гузаронида мешавад.

Вазифаҳои озмун:

  • маъмулгардонии фаъолияти эҷодии донишҷӯён;
  • муайян кардани ҷавонони донишҷӯи соҳибистеъдод ва ташкил намудани шароит барои амалигардонии потенсиали эҷодии онҳо.

Суратозмун аз рӯи номворҳои зерин доир мегардад:

  • «Лаҳзае биист, ту зебоӣ!»;
  • «Баҳори донишгоҳи ман»;
  • «Ин ҳама баҳор!».

Шартҳои озмун:

Барои иштирок дар озмун ариза ва 2 дона суратманзара дар шакли электронӣ ба муҳлати то 1-уми майи соли 2018 ирсол намудан зарур аст.

Аризаи баъд аз 1-уми май воридшуда мавриди баррасӣ қарор намегирад.

Иштирокчии озмун танҳо як ариза ироа карда метавонад. Суратманзара дар шакли чопӣ пазируфта намешавад.

Натиҷаи суратозмун аз ҷониби ҳайати доварон дар муҳлати то 9-уми майи соли 2018 ҷамъбаст мегардад. Ҳайати доварони озмун пирӯзмандонро муайян мекунанд ва аз ҳар номвора гирандагони ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро қадршиносӣ менамоянд. Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои озмун суратҳои беҳтарин дар суратнамоишгоҳ, ки ба хотири таҷлили Рӯзи донишгоҳ ташкил мегардад, ба маъраз гузошта мешаванд. Пирӯзмандони озмун аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо дипломҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешванд.

Иштирокчиён барои гирифтани иттилооти иловагӣ оид ба озмун ба шуъбаи робита бо ҷомеа муроҷиат карда метавонанд (бинои асосии донишгоҳ, каб. 107, тел: 2348434).

Ариза барои иштирок дар суратозмуни «Фаслҳои сол» - «Баҳор – 2018»!

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ