ШОМИ ҶАВОНӢ

Бинанда: 267 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2022

Санаи 25.11.2022 бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ва рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ, таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» бо иштироки раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ, донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии саёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.

Сараввал ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар барои ташкил ва баргузор намудани чунин як чорабинии муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин зикр кард, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат ҳамеша тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Баъдан ректори донишгоҳ зимни суханронӣ тамоми дастовардҳои кишвар, аз ҷумла донишгоҳро самараи сулҳу субот, истиқлолияти кишвар ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард.

Дар идомаи чорабинӣ ректори донишгоҳ ҷавононро ба дӯстию рафоқати байни якдигар, ифтихор доштан аз миллату Ватани хеш ва ба иҷрои корҳои бунёдкориву созандагӣ даъват намуд.

Чорабинии мазкуро донишҷӯёни дастаи ҳунарии «Тоҷири аҷам» бо барномаи консертии омоданамудаи хеш, ки аз суруду таронаҳои дар васфи Ватан, сулҳ, ҷавонӣ иборат буданд, шукуҳи тоза бахшиданд.

Дар фарҷоми чорабини раёсати донишгоҳ барои тамошои барномаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба хобгоҳи донишҷӯён ду телевизори замонавӣ тақдим намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top