ВОХУРИИ МУФИД ВА АКСИЯИ МУҲИМ

Бинанда: 342 | Санаи нашр: 01 Декабр 2022

29-юми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонон мизи мудаввар баргузор карда шуд, ки дар он мудири шуъбаи Маркази вируси норасоии масунияти одам дар шаҳри Душанбе Тӯрахон Набиев, дигар мутахассисони ҳамин ниҳод ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Мизи мудавварро муовин ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Неъматулло Дилоев оғоз намуда, доир ба муҳиммияту мубрамияти мавзӯи зикршуда суханронӣ намуд.

Сипас Тӯрахон Набиев дар бораи таърихи пайдоиши бемории ВНМО, роҳҳои гузариш ва мубориза алайҳи он, қобилияти ҳаётии вирус, марҳалаи ноаёнии он, озмоиш дар бораи ВНМО, намудҳои тесткунонӣ, табобати зидди ретровирусӣ (ЗРВ) ва ғайра суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати ин ва дигар бемориҳои сироятӣ тамоми шароит ва мутахассисони баландихтисос мавҷуданд. Бо вуҷуди ин, - таъкид намуд нотиқ, -  табиби ҳар кас пеш аз ҳама худи ӯст. Аз ин рӯ, ҳамагонро зарур аст, ки пеш аз ҳама дар бораи ин ё он беморӣ маълумоти кофӣ дошта бошем, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологиро қатъӣ риоя намоем.

Инчунин, дар ин рӯз дар донишгоҳ вобаста ба ин маъракаи муҳим шуъбаи кор бо ҷавонон аксия гузаронид ва дар он мутахассисони маркази зикргардида варақаҳоро, ки дар онҳо доир ба пешгирию эҳтиёт шудан аз бемории зикршуда маълумот мавҷуд буд, ба омӯзгорону кормандон ва муҳассилин тақсим намуда, моҳияту мубрамияти масъалаи мавриди назарро шарҳу эзоҳ доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Тӯрахон Набиев ба суолҳои аҳли толор посух гуфт ва ба роҳбарияти донишгоҳ барои доир намудани чунин як вохӯрии озоду самимӣ изҳори сипос кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top