ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ВА ҶОМЕА

Бинанда: 314 | Санаи нашр: 26 Ноябр 2022

25 – уми ноябри соли 2022 дар донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ бахшида ба 16 рӯзи амалҳои фаъол муқобили зӯроварии гендерӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа» семинар-тренинг баргузор гардид.

Семинар-тренингро сардори раёсати илм ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Некрӯз Қудратзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳиммияти мавзӯи матраҳшуда, хусусан, зӯроварии гендерӣ ибрози андеша кард.

Сипас раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ф.Ф. Идизода дар мавзӯи “Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба баробарҳуқуқии мардон ва занон дар қонунгузории миллӣ” суханронӣ намуд. Мавсуф инчунин, мазмуну муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро шарҳу тавзеҳ дод.

Дотсенти кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фарҳод Ҷабборов дар мавзӯи “Мафҳум ва намудҳои зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа” маърӯза намуда, мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 – уми марти соли 2013 «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро тавзеҳ дода, нақши онро дар таъмини ҳаёти солим муҳим арзёбӣ кард.

Муаллими калони кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қ.А. Мирзоева дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа” маърӯза кард ва аз таҷрибаи татбиқи қонунгузории миллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа мисолҳо овард.

Дар идомаи чорабинӣ директори литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Сиёвуш Наботов, мудири кафедра, дотсент Фаррух Алиев ва дотсенти ҳамин каферда Фирӯз Абдуллоев низ фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба мавзӯи зикргардида баён карданд.

Бояд зикр кард, ки саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар таъмини баробарии гендерӣ ва таҳияи механизмҳои самараноки пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа бузург аст.

Дар фарҷоми чорабинӣ нотиқон ба суолҳои аҳли толор посух гуфтанд.

Ин ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои гузаронидани Семинар-тренинг дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа» аз тарафи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфт ва ин созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирокдоронро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маводи дафтардорӣ таъмин намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top