Баргузории маҳфили илмии “Дипломати ҷавон”

Бинанда: 314 | Санаи нашр: 17 Ноябр 2022

17 – уми ноябри соли 2022 дар донишгоҳ кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи модели хурди Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ: ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” маҳфили илмии “Дипломати ҷавон” – ро баргузор намуд.

Маҳфилро  муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, доир ба аҳаммияти мавзӯи зикргардида сухан гуфт.

Декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамов Ф. ва мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳомидов А. низ доир ба баргузории ин маҳфили илмӣ ва мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша карданд.

Сипас муаллими калони кафедра Муртазо А. дар мавзӯи “Модели  Созмони Милали Муттаҳид ва нақши он дар омодасозии мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ” маърӯзаи пурмазмун кард.

Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани донишу маърифат ва ҷаҳонбинии илмию сиёсии донишҷӯёни ихтисосҳои 23010103 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ ва 23010205 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ равона гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ зимни иҷрои бозии нақшавии маъмулӣ донишҷӯён ҳамчун намояндагони кишварҳои гуногун дар мақомоти СММ суханронӣ намуданд. Бозии мазкур барои онҳоест, ки мехоҳанд дар бораи ҷараёни кории СММ маълумоти бештар дошта бошанд.

Дар он ҳамасола садҳо донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ширкат мекунанд. Бисёре аз шахсиятҳои обрӯманди имрӯза дар бахшҳои ҳуқуқ, идораи давлатӣ, тиҷорат ва санъат, аз ҷумла онҳое, ки дар худи СММ фаъолият мекунанд, дар солҳои донишҷӯии худ аллакай дар барномаи модели СММ ширкат варзидаанд.

Айни замон моделҳои СММ дар муассисаҳои таълимии даҳҳо кишварҳои тамоми минтақаҳои ҷаҳон баргузор мешаванд. Дар аксари ин моделҳо забони англисӣ ба сифати забони корӣ истифода мешавад. Бо вуҷуди ин, дар бархе аз онҳо ду ва се забони корӣ  бо тарҷумаи синхронӣ (англисӣ ва фаронсавӣ, англисӣ ва арабӣ, англисӣ ва испанӣ) муайян карда мешавад.

Хусусияти хосси ҳар як модели СММ дар он аст, ки ҷараёни кор дар асоси принсипҳо ва маводи дар худи Созмони Милали Муттаҳид истифодашаванда ба роҳ монда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки донишҷӯён дар ҷараёни бозӣ масъалаҳои дар рӯзномаи СММ баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор дода, бо риояи принсипҳо ва қоидаҳои расмие, ки дар СММ маъмул аст, ба кори он тақлид мекунанд.

Хусусияти дигари муҳимми модели СММ дар он аст, ки он асосан конфронси донишҷӯён буда, омодагӣ ва гузаронидани онро худи донишҷӯён таъмин мекунанд.

Имрӯз донишҷӯёни мо кӯшиш карданд, ки донишу малакаи худро дар кори лоиҳавии Ассамблеяи генералии СММ бисанҷанд. Донишҷӯён дар бозии имрӯза ба намояндагиҳои гуногун ҷудо ва вазифадор карда шуда буданд, ки мавқеи ин ё он кишварро вобаста ба рӯзномаи ҷаласа шарҳ диҳанд. Хушбахтона, онҳо аз уҳдаи ин кор бо сарбаландӣ баромаданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ садорати факултет ба донишҷӯёни фаъол сипосномаҳо тақдим намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top