МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 177 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2022

15-уми ноябри соли равон дар донишгоҳ аз ҷониби кафедраи андоз ва суғуртаи  факултети молия ва  қарз дар мавзӯи “ Ҳолати муосири бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “ мизи мудаввар баргузор гардид,ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни курси чоруми  ихтисоси суғурта иштирок карданд.

Мизи мудавварро мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Диловар Хоҷаев бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба муҳиммияти мавзӯи мавриди назар  ибрози андеша  кард.

Сипас омӯзгори кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Комрон Раҷабов ва донишҷӯёни курси чоруми  ихтисоси суғурта  Муҳибуллои Н. ва Самадов Ш. дар доираи мавзӯи матраҳгардида бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ  намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top