ПАЙДОИШИ НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 324 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2022

Рушди равандҳои сиёсӣ дар охири асри 20 аз болоравии кӯшишҳои истиқлолхоҳии миллатҳои гуногун дарак медиҳад. Ба ин аз бисёр ҷиҳат мавҷудияти мураккабиҳо дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа баъди пошхӯрии  Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ як қатор давлатҳои хурду бузурги мустақили миллӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин масир муайян намуданӣ нақши равандҳои демократӣ низ ба маривд аст. Фишори мавҷудаи дохилӣ,  маҳдуд намуданӣ  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар якҷоягӣ бо омилҳои беруна боиси сар задани бӯҳрон дар собиқ лагери сотсалистӣ гардид.

Тавре маълум аст, солҳои 90-уми садаи гузашта  дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун давраи мураккаби бунёди давлати миллӣ ва мустақил арзёбӣ мегардад. Ин мушкилиҳо на ба масъалаи ба даст овардани истиқлолият ва ташкили ниҳоди президентӣ, балки бо пойдор гаштани он робитаи қавӣ доштанд.

Соҳибистиқлолӣ фазои сиёсӣ  иҷтимоӣ ва шакли идораву намуди сарвариро дар кишвар мутлақо тағйир дод. Худи ҳамин соҳибистиқлолӣ ба он оварда расонид, ки дар кишвар ва фазои ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ мафҳумҳо ва ниҳодҳои нав монанди ниҳоди президентӣ рӯи кор биёянд.

Мафҳуми ниҳоди конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ниҳоди нави сиёсию ҳуқуқӣ мебошад, ки ӯ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад. Тавре дар қисмати аввали рисола қайд гардид, ин аз калимаи лотинии «presidents (praesiden- tis) - яъне сардори давлат дар бисёре аз мамлакатҳои шакли идоракунии ҷумҳуридошта, мебошад. Биноан, мафҳуми «пре¬зидент», ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои конститутсионӣ-ҳуқуқии ӯ сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия истифода шудааст, ки ба шакли пайдоиши классикии ин ниҳод дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқ меояд.

Бояд қайд кард, ки пайдоиши ниҳоди президентӣ 30 сол боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар марҳилаи ташаккул ва авҷи мукаммалшавӣ аст. Таҷрибаи 30- солаи таъсиси ин ниҳод, албатта чандон тӯлонӣ нест, вале, новобаста аз ин баъзе таҷрибаи ташаккули ин ниҳоди давлатдорӣ мавзӯи доираҳои таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ақидаҳои ҷолиби диққат оид ба пайдоиши ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Масалан таи солҳои ҳокимияти Шӯравӣ мансаби президент инкор мегардид. Дар адабиёти ҳуқуқии Шӯравӣ он чун зуҳуроти сирф буржуазӣ, ифодакунандаи манфиатҳои синфи ҳукмрон ва, умуман, барои сохти сотсиалистӣ бегона маънидод мешуд.

Муҳаққиқон бо бардошт аз таҳлили таҷрибаи пайдоиш ва зарурати таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон чанд омилҳоро асос мешуморанд. Масалан, ташкили қолаби нави идора  бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон бо чанд омили айнӣ ва зеҳнӣ  муайян мегашт. Пеш аз ҳама, зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули оҷилии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низомӣ давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Бегумон таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории имрӯза ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки таъсиси расмӣ ва ташакккули қонунӣ ёфтани  ин мансаб дар замоне рост омад, ки халқи тоҷик дар вартаи бесарусомонӣ ва нестӣ қарор дошт. Аз ин боис, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқдоми асосӣ дар роҳи таъсиси ин мансаб аз тарафи сиёсатмадорони ҳукумати онвақтаи Тоҷикистони Шуравӣ гирифта шуд. Зеро, пеш аз ин масъалаи таъсиси ниҳоди президентӣ  на як бору ду бор пайдо шудааст. Бори аввал ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи дуюми Конститутсияи ИҶШС ва бори дуюм солҳои 60-уми асри гузашта пеш омада буд.

Дар адабиётҳо таъкид шудааст, ки назари сатҳӣ ба таърихи навини давлатдорӣ ва ҳатто ба тамаддунҳои собиқ шаҳодати он аст, ки нақш ва нуфузи мансаби президентӣ дар ҳастии халқу миллатҳои замони муосир аҳамияти бориз доштааст. Вале дар замони муосир, ки таҷрибаи ҳастӣ ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши Президент ба маротиб афзудааст.

Дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз намудҳои сардорӣ ба давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад ва маҳз ҳамин таҷрибаи бою ғанӣ ба он саба шуд, ки дар аксари кишварҳо ин ниҳод таъсиси расмӣ ёбад. 

Президент дар адабиётҳои илми ҳуқуқи конститутсионӣ аз ҷониби олимон сарвари давлат ва Ҳокимияти иҷроия тавсиф ёфтааст. Президент дар давлатҳои шакли идораи ҷумҳурии президентӣ сарвари давлат буда, аз тарафи халқ дар интихоботи умумӣ интихоб карда мешвад, масалан: дар ИМА, Фаронса, Русия, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғ. Аслан дар давлатҳои шакли идораи ҷумҳурии парлумонӣ мансаби Президент бештар хислати рамзӣ дошта, дар парлумон интихоб мегардад, масалан: дар Австрия, Олмон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо.

Ҳамин тариқ таҳлили таҷрибаи мамолики хориҷӣ шакли идораи ҷумҳуриявӣ дошта, аз он дарак медиҳад, ки дар амалия шаклҳои гуногуни мавқеи президент дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас дар тамос бо ҳокимияти иҷроия  созмон ёфтаанд: президент -сардори давлат (масалан, Олмон); президент -сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия (масалан, ИМА); президент -сардори давлат ва роҳбари воқеии ҳукумати кишвар (масалан, Фаронса). Дар ҳар се тарҳи номбурда президент чун сардори давлат тавсиф меёбад, вале фарқияти муайянкунанда дар нақши президент мавриди тамос бо ҳокимияти иҷроия зоҳир мегардад. Ба андешаи мутахасиссон шаклҳои маъмули ҳолати президентро ба ибораи дигар шартан аввалро модели аврупоӣ, дуюмро – модели амрикоӣ ва сеюмро модели фаронсавӣ номидан мумкин аст.

Имрӯз ниҳоди президентӣ унсури ҷудонашавандаи таҷрибаи сиёсии  ҷаҳонӣ оид ба давлатдорӣ аст. Ниҳоди президентӣ яке аз унсурҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Зарурияти мавҷудияти ниҳоди мазкур аз зарурияти татбиқи функсияи сарвари давлат бар меояд, ки паҳн гардидани ниҳоди президентӣ дар ҷаҳон шаҳодати он аст.

Раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум ба тамоюли бавуҷудоии  ниҳоди конститутсиониву ҳуқуқии “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” замина гузошт.

Аввали солҳои 90-ум  ҷумҳуриҳои иттифоқӣ паиҳам Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии худро қабул карданд. Дар Тоҷикистон низ Эъломияи истиқлолияти  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, бо Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон”, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  9 сентябри соли 1991 қабул гардид. Тибқи ин санадҳо эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ заминаи сиёсиву ҳуқуқӣ гузошт.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон “Дар хусуси таъсиси вазифаи президенти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ”аз 29 ноябри соли 1990 ниҳоди президентӣ таъсис ёфт. Баъдан дар натиҷаи гирифторӣ ба бӯҳрони  нави мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва пас аз даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи соли 1978 аз 27 ноябри соли 1992 дар Тоҷикистон, ҳокимияти президентӣ дар кишвар дубора  бекор карда шуд ва ба ҷои он  Шӯрои Вазирон созмон ёфт. Дар  адабиёти тафсирӣ-ҳуқуқӣ дуруст қайд мегардад, ки барҳамдиҳии ин ниҳод ва ба ҷои он ташкил намудани идоракунии дастаҷамъии ҷумҳурӣ ба хотири ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳамзамон, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ниҳоди президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз  ин рӯ, ҳангоми таҳияи  лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуд. Мухолифони ниҳоди президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони Шӯравӣ, ки идораи коллективона рӯи кор буд, такя мекард.

Баъдан пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 ниҳоди мазкур аз нав барқарор карда шуд. Таъсиси мансаби  президент дар ИҶШС солҳои 1990 ва нофаҳмиҳои минбаъдае, ки дар ҳудуди он ба вуқуъ пайваст, таъсири худро ба пайдоиши ниҳоди мазкур ба Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ва тақдирҳалкунанда гузошт. Дар ин замина мутахасиссони ватанӣ мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ падидаи нави сиёсию ҳуқуқӣ сифат додаанд, ки ӯ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад.

Аммо ин мансаб бори нахуст дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳайати ИҶШС чун ҷумҳурии иттифоқӣ шомил буданаш таъсис ёфта, то соли 1994 номукаммал буд ва ҳамин номукамалӣ ба он оварда расонид, ки ниҳоди мазкур  барҳам дода шавад ва баъд аз таваққуфи дусола аз  нав таъсиси расмӣ ёфт .

Ташаккули падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии «президент» яку якбора дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора ва якзайл ба вуқуъ напайваста, асосҳои ғоявии худро аз таҷрибаи инкишофи ҷаҳонии ин падида гирифтааст. Ба тамоили бавуҷудоии падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум зимина гузошт. Бо Қарори Шӯрои Олии ИҶШС «Дар бораи таъсис додани мансаби Президенти ИҶШС ва дохил намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Конститутсияи (Қонуни асосии) ИҶШС» (27.02.1990) зарурияти таъсис додани мансаби Президенти ИҶШС эътироф карда шуд.

Анҷумани депутатҳои халқии ИҶШС (14.03.1990) масъалҳои вобаста ба Қонун «Дар бораи мансаби Президенти ИҶШС»-ро баррасӣ намуда, ба Шӯрои Олии ИҶШС ва комиссияи конститутсионӣ супориш дод, ки қонун дар бораи таъсис додани ин мансаб ва ба Конститутсияи ИҶШС дохил кардани тағйироту иловаҳоро таҳия ва қабул кунанд. Шӯрои Олии ИҶШС мансаби зикршударо бо қабули қонуни ИҶШС (14.03.1990) таъсис дода, ба Конститутсия боби махсус; «Боби 15 Президенти ИҶШС» илова гардид. Мувофқи м. 127 таҳрири нави Конститутсия Президенти ИҶШС сардори давлати Шӯравӣ эътироф карда шуд ва дар қатори салоҳиятҳои ӯ муқаррар кард, ки вай бояд «ҳамкории мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идораи ИҶШС-ро таъмин намояд» банди 4, м. 127. Дар ин ҷо боз ҳамон андешаи Б.П.Елисеевро ба ёд меорад, ки ниҳоди президентиро ҳамчун ниҳоди ҳуқуқии интегратсионӣ муайян менамояд, ки мақсадаш аз ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ иборат аст.

Маҳз дар ҳамин заминаи ҳуқуқӣ аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистон Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9.09.1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон», изҳороти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.09.1991 қабул гардиданд.

Тибқи ин санадҳо эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон заминаи сиёсию ҳуқуқӣ гузошт.

Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Қонун «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти РСС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ»-ро 29.11.1990 қабул кард ва мувофиқи он вазифаи Президенти РСС Тоҷикистонро таъсис дода, ӯро сарвари ҷумҳурӣ эълон намуд (м.1). Қонуни мазкур шартҳо,тартиби пешбарӣ, интихоб, бозхонд, лаҳзаи ба вазифа шурӯъ намудани Президент, таъмини вусъати минбаъдаи дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва амнияти шаҳрвандонро ба дӯши ӯ вогузор намуд.

Баъдтар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ боз Қонун «Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар РСС Тоҷикистон ва дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) РСС Тоҷикистон»-ро аз 1.12.1990 қабул кард. Тибқи он муқаррар гардид, ки «Ҳокимияти президентӣ ва иҷроияю амрдиҳии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон якҷоя карда шавад» (м.1.). Ба мақоми Президент ва Кабинети Вазирони РСС Тоҷикистон боби 13-и Конститутсия бахшида шуда, Президентро Раиси Кабинети Вазирони РСС Тоҷикистон ҳисобида, мазмунан онҳоро як шохаи ҳокимият эътироф кард (қисми 2 м. 1 ва м. 117).  Ба ҳайати Девони Вазирон, ки пештар Кабинети Вазирон ном бурда мешуд, баъдтар Девони Вазирон ном гирифт, ки Ноиби Президент, муовинон Раиси Девони Вазирон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ шомил буданд. Мансаби ноиби президент ҳам маҳз ҳамон сол бори нахуст таъсис дода шуд, ки ӯро Президент таъин карда, Шӯрои Олии ҷумҳурӣ  тасдиқ менамуд. Баъдтар мансаби Ноиби Президент барҳам дода шуда, ба ҷои вай мансаби Сарвазир таъсис дода шуд, ки Сарвазир бо пешниҳоди Президент аз ҷониби Шӯрои Олӣ тасдиқ ва озод мегардид.

Дар натиҷаи дигаргуниҳои сиёсиву ҳуқуқӣ якчанд салоҳиятҳои собиқ Президиуми Шӯрои Олӣ ба Президент дода шуд, ки онҳо дар низоми таҷзияи ҳокимият ба шакли идоракунии президентӣ хос аст. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намудан, эълон намудани вазъияти фавқуллодаи Тоҷикистон, авф кардан, таъин намудани сафирон, бозхонди онҳо ва ғ. Аз ҳама муҳимтараш он буд, ки Президент на фақат сардори ҷумҳурӣ, балки кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва таъминкунандаи ҳамкории мақомоти олии ҳокимият ва идораи ҶШС Тоҷикистон дониста шуд ва дар фаҳмишҳои ҳуқуқӣ мафҳуми сарвари ҷумҳурӣ пайдо шуд.

Бо мақсади пешгирии паст задани шаъну шарафи Президент ва баланд бардоштани эътибори он чун сарвари ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи ҳимояи шаъну шарафи ӯ» аз 29.06.1991 қабул карда шуд ва барои таҳқири Президент ҷазои ҷиноятӣ ҳам муқаррар карда шуд.

Вазъи сиёсию иҷтимоии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ президенти аввалини ҷумҳуриро водор сохт, ки 31.08.1991 ба истеъфо равад. Қонун дар бораи интихоботи Раиси чумҳурӣ аз 10.09.1991 қабул шуд. Мувофиқи он 24.11.1991 интихоботи Президенти ҷумҳурӣ якумин интихоботи умумӣ баргузор шуд, ки Р. Набиев ба ин вазифа интихоб гардид. Чунин натиҷа ва бӯҳрони нави мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат ӯро аз сари қудрат дур сохт. Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ аризаи ӯро дар иҷлосияи 16-ум дар шаҳри Хучанд аз 20.11.1992 қабул кард. Дар ҳамин иҷлосия ба моддаҳои 99, 106, 108, 109 ва ғ. инчунин боби 13 Конститутсия тағйироту иловаҳо бо қонун «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27.11.1992 ворид намуда, вазифа ва ваколатҳои президент бо ҳокимияти қонунгузорӣ  ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид ва Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Акнун ба фаъолияти Шӯрои Олӣ ба амал баровардани вазифаҳои қонунбарорӣ, амрдиҳӣ ва назоратӣ (м. 99), ҳамзамон ваколатҳои Раиси ҷумҳур, аз қабили сардори давлат, сарфармондеҳи тамоми Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, зомини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон будан ба Раиси Шӯрои Олӣ дода шуд. Ва ин як зухуроти таърихӣ ва фараҳбахше гардид, ки барои устувории минбаъдаи ниҳоди президентӣ дар шакли мукаммал заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Рафти қонуниятҳои инкишофи вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар охири соли 1993 ва аввали солҳои 1994 нишон дод, ки он рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, зарурияти аз нав дар таҷрибаи давлатдорӣ татбиқ намудани падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии «президент»-ро рӯи кор овард. 20-06.1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҳанӯз ҳамон сол ин муҳокимаи лоиҳаи нави Конститутсияи ҷумҳурӣ мерафт, ки дар он шакли идоракунии Президент маъқул дониста шуда буд. Қонуни зикргардида муқаррар кард, ки мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба Қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шавад. Дар асоси он Комиссияи марказии интихобот ташкил дода шуд. Худи ҳамон сол 21.07.1994 Қонун «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он шартҳо, тарзи ташкил, гузаронидани интихобот, ҷамъбасти он ва дигар масъалаҳои ба он алоқамандро танзим менамуд. Қонун ҳамзамон 25.09.1994-ро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои қабул намудани Конститутсия ва интихоботи Президент муқаррар намуд. Вале бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 рӯзи баргузорӣ ба 6 ноябри ҳамин сол 1994  гузаронида шуд, Раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз баргузор гардид ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар Конститутсияи соли 1994 ба ин падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ боби махсус: боби чаҳорум, ки «Президент» (м.м. 64-72) ном дорад, бахшида шудааст.  Аз ин ба баъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳисоб карда  шуда, вай ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ҳомии Конститутсия будани Президенти кишварро бо вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии ӯ алоқаманд намудааст, ки моҳияти онро бо чунин омилҳо ошкор кардан мумкин аст:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол бо тартиби муқарраршуда интихоб менамоянд.

Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, вазъи конститутсионии  ҳуқуқии ӯро Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Тоҷикистон танзим менамоянд. Тибқи қисми аввали моддаи 64 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду сифати айнии вазъи ҳуқуқиаш ҳамчун сарвари давлат ва ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи хоса дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан рамзи давлат, сарвари давлат ва сарвари мақомоти  ҳокимияти иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дорои салоҳияти намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат мебошад.

Президент баёнгари  ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтанро дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент - Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, мебошад.

Вазъи ҳуқуқии Президентро салоҳиятҳои ӯ, ки дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, қонунгузорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ ва муайян кардани низоми он, ҷобаҷогузории кадрҳо муайян намудааст, ки нақш ва мақому манзалати мавсуфро дар мураттабсозии ташкили низоми ҳокимияти давлатӣ вусъат мебахшад. Яъне қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии Президент ба раванди мураккаби бо ҳам алоқаманди ташкилию ҳуқуқӣ ва сиёсие алақаманд мебошад, ки он пеш аз ҳама интихоб шудан ва шурӯъ намудан ба мансаб ва маҳдудиятҳои муқарраршударо дар бар мегирад. Ин меъёр чунин маънӣ дорад, ки бе роҳи интихоби қонунӣ ҳеҷ ягон шаҳрванд ҳақ надорад мансаби Президенти кишварро ишғол намояд ва ё соҳиби салоҳияти ӯ гардад.

Биноан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Ба мансаби Президент шаҳрванди Тоҷикистон ба тариқи муқарраргардида интихоб шуда метавонад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Тартиби интихоби Президентро Қонунуи констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.07.1994, № 1043 бо тағйироту иловаҳо аз 3.09.1999 (№384) ва аз 28.12.2005 (№140) танзим менамояд.

Барои ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бояд таҳти ҳимояи қонун ва таъминоти махсус қарор гирад. Масъалаҳои таъминот ва ҳимояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.11.1995, № 204 «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент қасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мавҷудияти рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия будани ӯро шаҳодат медиҳанд, ки намуд, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир, маҳал ва тарбиби нигоҳдошт, инчунин тартиби истифодаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.07. 2006, № 192 муқаррар менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз савганд ёд намудани Президенти кишвар дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15. 11. 2006, №.205 «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия баромад намуда, аз бонуфуз будани ҳамин ниҳод дар низоми ҳокимияти давлатӣ дарак медиҳад. Падидаҳои ҳокимияти давлатӣ дар кадоме аз низоми ҳуқуқие, ки таъсис дода нашавад, новобаста аз сатҳи инкишофашон ҳокимияту итоаткуниро тақозо намуда, ҳамгироии фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатиро ба хотири ваҳдати он, пайдо нашудани «қувваи марказгурез» дар низоми давлатдорӣ, ба таври фаврӣ ва дар мусолиҳа ҳаллу фасл намудани масъалаҳои умдатарини давлату ҷомеа талаб менамояд. Ин вазифаро Президент доро мебошад, ӯ ҳамчун мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ намояндаи ягонаи умумихалқӣ мебошад, ки аз номи халқ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона доранда ва барандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вай ба тарзҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ шахси масъули бонуфуз дар механизми тавозуни (боздорӣ ва мувозинаи) ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок менамояд. Зеро амалисозии самтҳои фаъолияти Президент, ки аз салоҳиятҳои ӯ бармеоянд, бо низоми ҳокимияти иҷроия, мақомоти қонунгузор ва судӣ алоқаи зич дорад. Вай дар таъсисдиҳӣ ва фаъолияти онҳо бевосита салоҳияти конститутсионии хешро амалӣ месозад (моддаҳои 62, 69 Конститутсия). Масалан, Ҳукуматро таъсис медиҳад, Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад механизми мураттабсозӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, усули тавозуни ҳокимияти давлатиро ба таври воқеӣ истифода барад. Усули мазкур имкон медиҳад, ки мувофиқа ё ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ягонагии ҳокимият ва сиёсати давлат амалӣ гардад ва дар асл ба дуализм ё анархияи ҳокимият роҳ дода нашавад, пойдориву бардавомии ҳокимияти давлатӣ таъмин гардад.

Барои амалӣ сохтани ин ҳуқуқҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон механизму тарзҳои гуногуни баамалбарориро истифода бурда метавонад: якум, бевосита ҳангоми истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ; дуюм, бевосита дар вақти ба қонун ё қисми он розӣ набудан, Президент метавонад аз имзои он даст кашида, дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо қонунро ба Маҷлиси намояндагон баргардонад; сеюм, бо воситаи намояндаи худ дар Парлумон ҳангоми баррасии қонунҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ғайра мавқеи худро оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси Олӣ бо сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ки онро Президент муайян менамояд, равшану возеҳ мегардонад. Албатта, ин тарзҳо тарзҳои истисноӣ набуда, вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳим ва вазъияти объективии бамиёномада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад дигар тарзу воситаҳои ҳуқуқиро истифода намояд.

Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори «секунҷаи» рукнҳои давлатӣ - ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ме-бошад, ки вай ба ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳомкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мақомоти марказии иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, вазифаҳои онҳоро ҷудо мекунад. Масалан, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2006, «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия такмил дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии вазифа ва салоҳиятҳои хеш ҳуқуқ дорад, ки дигар механизмҳои давлатӣ-Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шӯрои амният ва Шӯрои Президентиро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ таъсис диҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин нуқтаро аз муроҷиати шаҳрвандон ба Президенти кишвар чӣ бевосита, чӣ бавосита, бо воситаи хабаррасонии электронӣ (интернет) чунин шарҳ додан мумкин аст, ки Президент ягона нозири волои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва шахси мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар таъмини кафолати иҷроиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он баромад мекунад. Таҷрибаи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки на ҳама шахсони мансабдори мақомоти иҷроия ва судӣ вазифаи конститусионии худро дар таъмини кафолати иҷроиши Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври лозимӣ иҷро менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили риояи қарордодҳои байналмилалӣ, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян месозад. Зеро Конститусия муқаррар намудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии  низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, рафти қонуниятҳои инкишофи вазъи сиёсиву иҷтимои ҷумҳурӣ дар охири соли 1993 ва аввали соли 1994 нишон дод, ки он рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, зарурияти аз нав дар таҷрибаи давлатдорӣ барқарор намудани ниҳоди конститутсиониву ҳуқуқии президентро рӯи кор овард. 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститусионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он бояд мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешуд. Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 21 июли соли 1994 қабул гардид, ки он талабот, тарзи ташкил, гузаронидани интихобот, ҷамъбасти он ва дигар масъалаҳои ба он вобастаро танзим менамуд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, боби чоруми он ба ин ниҳоди қонститусионӣ бахшида шудааст.

Ташкили қолаби нави фаъолият ва идораи давлат бо роҳбарии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол ва зуҳури ниҳоди президентӣ падидаи навини сиёсиву хуқуқие мебошад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти давлатдории тоҷикон аз замони ҳокимияти асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ то имрӯз назир надорад. Сарфи назар аз дигаргуниҳову душвориҳо ва ислоҳот дар қолаби идораи давлат дар худ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои рукни ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроияро, ки бо он алоқаманд аст, ҳифз намуд.

Ҳамин тавр, қадами аввалин роҳи таъсис ва рушди ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон ба чор давра: ду давраи дар ҳайати иттиҳод будан ва ду давраи нисбатан мустақилият доштан ҷудо шуда, ҳар кадоми онҳо ба марҳилаҳои муайян алоқаманд дониста мешавад.

Давраи аввали дар ҳайати иттиҳод будан ин ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Конститусияи дуюми ИҶШС соли 1936, ки он вақт таклиф гардида буд, ки  раиси Раёсати (Президиуми) Шӯрои Олии ИҶШС-ро тамоми аҳоли интихоб намояд, ки ин қадами аввалин ҷиҳати таъсис ва зуҳури ниҳоди мазкур ба ҳисоб меравад. Ин таклифро он замон И.В. Сталин  (роҳбари ҳамонвақтаи ҳизбӣ) қатъиян рад карда, ишора намуд, ки мансабдори яккасардори расмӣ чун президент ба сохти сотсиалистӣ бегона аст.  Дар ин замина ӯ таъкид дошт, ки дар ИҶШС президент дар фаъолияти мақоми коллегиалӣ –Раёсати Шӯрои Олӣ таҷассум меёбад, ки  Раиси Раёсати Шурои Олӣ низ ба он шомил буда, ин мақом назди Шурои  Олӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки мавқеи  И.В.Сталин мантиқи худро дошт, зеро  агар чунин тартиб тасдиқ мегашт,  пас ин шахси мансабдор метавонист чи аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва чи аз нигоҳи  сиёсию амалӣ худро ба  Шурои Олии ИҶШС, ки расман ягона мақоми олии ҳокимияти давлати ҳисоб меёфт, муқобил гузорад.

Давраи дуюм дар таърихи ИҶШС масъалаи ҷорӣ намудани риштаи президентӣ ибтидои солҳои 60-ум асри гузашта пеш омада буд. Ин дафъа худи роҳбарияти ҳизбию ҳукуматии  шӯравӣ  назди комиссияи таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи ИҶШС дар ин бора масъалагузорӣ намуд.

Ва ниҳоят  қадами аввалин дар роҳи таъсиси ин ниҳод ду давраи нисбатан мустақил, ки дар боло ишора кардем баъди эълони сиёсати «бозсозӣ»  гузошта шуд, ки ҳар кадоми онҳо низ бо марҳалаҳои муайян алоқаманд дониста мешавад ва маҳз дар ҳамин давра ниҳоди мазкурро ба авҷи рушд ва инкишоф оварда расонид.

Давраи аввал дар  замони нисбатан мустақил аввали солҳои 1990-1992-ро дар бар гирифта,  дар навбати худ ба ду марҳала тақсим мегардад: то истиқлолият  (ноябри соли 1990-сентябри  соли 1991) ва баъди истиқлолият (ноябри соли 1991-ноябри соли 1992). Давраи ахири зуҳури ниҳоди мазкур сифатан нав буда, бо қабули Конститутсияи  Тоҷикистони соҳиистиқлол оғоз меёбад, ки ин давраи рушди ниҳоди президентиро низ шартан ба чор марҳалаи ба ҳам зич алоқаманд тақсим намуд: солҳои 1994-1999; 1999-2003; 2003-2016; 2016 то ба имрӯз. Ниҳоди президентӣ падидаи ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамто надорад. Новобаста аз душвориҳо тамоси худро ба тамоми соҳаҳо ва шохаҳои ҳокимият, хусусан ҳокимияти иҷроия нигоҳ дошта, минбаъд низ вобаста аз ислоҳот дар қолаби идораи кишвар таъсири хосиятҳои худро нигоҳ дошт.

Сиёвуш Наботов

Доктори ҳуқуқ, дотсенти кафедраи

ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top