ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДИЛСӮЗИ МИЛЛАТ

Бинанда: 286 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2022
Дар давоми фаъолияти бисиёрсолаам ба ман иттифоқ афтод, ки таҳти сарварии як зумра роҳбарони гуногунхислату аз ҷиҳати ботинӣ ва тарзу усулҳои корбариашон мухталиф дифои вазифа намоям. Толеам баланд будааст, ки қариб ҳамаашон на фақат сардорони моҳиру адолатпеша, балки мураббиёни мунис низ буданд ва ҳастанд, ки дар ташаккули малакаю дониши касбӣ ва пайваста ғанӣ гардидани ҷаҳонбинии ман осори беназире гузоштаанд ва мегузоранд.
 
Имрӯз, ки ба дӯши камина ҳам бори сарварии як соҳаи масъули хоҷагии халқ гузошта шуда буд, насиҳату маслиҳатҳои роҳбарони собиқ ва кунунии худро азиз мешуморам. Зеро маҳз тавассути ҳидояту дастгирии доимӣ, сарпарастии хайрандешонаи ин шахсиятҳои наҷиб, банда дар арсаи меҳнат ба фатҳи қуллаҳои мақсуд ноил мегардам.
 
Солҳои охир аз боби сифатҳои давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ, хислатҳои наҷиби инсонӣ, сулҳхоҳӣ, меҳнатдӯстиву мардумпарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ бисёр навиштаҷоти шавқангез дарҷ мегарданд, китобу рисолаҳо интишор мешаванд. Ин комилан табиист. Зеро шахсияте, ки дар марҳалаҳои тақдирҷумбони таърихи навини кишвари тоҷикон ба ҳайси Сарвари давлати тозабунёди мустақил баҳри истиқрор ва таҳкими сулҳу осоиш, аз вартаи маъюсиву ноумедӣ раҳо додани халқи азияткашида ва ниҳоят дар дилу шуури нафақат тоҷикистониён, балки сокинони кишварҳои берун аз марз устувор гардонидани ҳисси боварӣ ба ояндаи мунири меҳани мо то чӣ андоза кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд, ба ҳамду сано ва иззату икроми умум сазовор аст.
 
Эмомалӣ Раҳмонро аз солҳои директори совхоз, баъдтар раиси комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб буданашон мешиносам.
 
Вақте ки даъвои ҳокимияти сиёсӣ кардани қувваҳои мухталиф авҷ гирифтанду ба диёри тоҷикон хавфи сар задани ихтилофоти мусаллаҳона таҳдид мекард, Шӯрои Олии мамлакат низ ба арсаи баҳсу мунозира ва муноқишаҳои тӯлонии шадид бадал гардид. Дар маҷлисҳои он фарзандони дилсӯзу дурандеши халқ, ҳомиёни халқии ҳамбастагии мардуми тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, тарафдорони устувори бунёди ҷомеаи муттарақии демократӣ гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки аз баҳри эҳсосот баромада, сараввал масъалаҳои таҳким ва созгор додани сохторҳои мавҷудаю нави идорӣ ва низомии давлати маҳаллӣ, пойдор намудани заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, барқарор намудани робитаҳои амалӣ бо кишварҳои хориҷӣ, беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии моддии сокинони Тоҷикистон барин масъалаҳои муҳимтаринро фавран ҳаллу фасл бояд кард. Инро вазъи бамиён омадаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қотеъона тақозо мекунад. Ҳазорон-ҳазор меҳнаткашон ба ҷои машғул шудан бо истеҳсоли неъматҳои моддӣ ба бозиҳои сиёсӣ кашида мешаванду коргоҳашонро тарк менамоянд. Ҳол он, ки дар шароити кунуни ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободонии мамлакат аз ҳарвақта дида фаъолонатар меҳнат кунем. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи он вакилони мардумӣ буданд, ки халқро ба бунёдкориву ободонӣ даъват мекарданд.
 
Мутаассифона, ин даъватҳои солимфикрона ва дурандешонаро на ҳама дарк менамуданд ва мамлакат оқибат ба гирдоби хунрезию харобкориҳо ғутавар шуд. Оқибатҳои мудҳиши ин даргириҳо ба ҳама маълум аст.
 
16-уми ноябри соли 1992 ба таърихи кишвар ҳамчун санаи оғози марҳалаи навини таърихи Тоҷикистон ворид гардид. дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки мебоист тақдири ояндаи миллати тоҷик ва давлати ҷавони соҳибистиқлолро ҳал мекард.
 
Аксарияти кулли вакилони мардумӣ хатари бузурги ба кишвар таҳдидоварро амиқ дарк намуда, барои гирифтани пеши хунрезию харобкориҳо ва ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ заминаи устувор гузоштаанд.
 
Вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамчунин раёсати нави Шӯрои Олӣ интихоб карда, ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд.
 
Дар иҷлосияи тақдирсоз муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома босамар сурат гирифт. Дар хусуси Парчаму Нишони нави Тоҷикистон ҳам баҳсу мунозира хеле сурат гирифт. Дар яке аз лоиҳаҳои Нишон сурати шер тасвир ёфта буд. Муаллифони он шарҳ доданд, ки дар парчаму нишонҳои ниёгонамон ҳам шер нақш ёфта буду алҳол он марҳалаҳои муҳимтарини таърихи бойи халқи тоҷикро ифода менамоянд. Як гурӯҳ вакилони мардумӣ, аз ҷумла камина оид ба Парчаму Нишон ибрози ақида намуда, ақидаҳоямонро дар ин хусус баён кардем. Пешниҳоди мазкурро раиси нави Шӯрои Олӣ низ дастгирӣ намуд ва Парчаму Нишони нав қабул карда шуданд, ки барои мо гуворотарин лаҳзаҳо гардиданд.
 
Ба ҳамин тариқ, дар назди ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи бағоят мураккаб – хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркушӣ, таъмини сулҳу осоиш, ба макони зисташон баргардондани фирориёни иҷборӣ, барқарор намудани кори ҳокимияти маҳаллӣ, ба маҷрои фаъолият ворид гардондани хоҷагии халқ ва ғайра меистод. Дар суханрониашон Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумхурии Точикистон мураккабии вазъи кишварро таъкид намуда, иброз дошт, ки танҳо ваҳдату муттаҳидӣ мамлакатро аз вартаи буҳрони иктисодиву сиёсӣ раҳо дода метавонад. Зимнан, аз ҳамон рӯз эътиборан ноил гардидан ба хамдигарфаҳмию созиш, ваҳдати самимӣ, таъмини сулҳи пойдору бардавом максаду мароми ҳаёт ва фаъолияти ин фарзанди содиқи халқ қарор ёфтааст.
 
Изҳори мақсаду мароми зиндагӣ ва орзую омоли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муроҷиатномаи аввалинаш ба мардуми шарифи Тоҷикистон зикр гардидаанд, дар лавҳаи хотирам мустаҳкам нақш бастаанд.
 
"Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар ноҳия ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва хаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам".
 
Вақт ҳаками бузургу беназире аст. Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат далолат менамояд, ки қавлу амалаш бо ҳам зич пайваст гардидаанд. Ман ба хайси вазир ва аъзои ҳукумат дар маҷлисҳои ҳукуматӣ, ки таҳти раёсати Сарвари давлат мегузаранд, ширкат меварзидам.
 
Аз суханрониҳои ӯ торафт бештар аён мегардад, ки вай роҳбарест дорои тафаккури нави даврони ҷадид, ақидаи навпардозӣ, бо тамоми хастии худ нумуву бақои давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ, демократӣ ва дунявӣ, бахту саодати тоҷикистониёнро мехоҳаду барои ин мақсадҳо пайваста ҷаҳд менамояд.
 
Шукри беҳад, ки имрӯз хуршеди сулҳу якдигарфаҳмӣ ба рӯи тоҷикистониён ҳам нурпошӣ мекунаду мардум бо хотири ҷамъ на орзую умеди ояндаи пурхосият ба ободонию бунёдкориҳо мустаҳкамтар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат мебанданд. Дар доираи Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он сиёсати иҷтимоӣ соҳаи муҳимми ҳаёти ҷомеа эълон карда шудааст, дар гӯшаю канори кишвар бунёди коргоҳҳои муҳим оғоз ва ривоҷ меёбад.
 
Яке аз аввалин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ он аст, ки 75 ҳазор гектар заминро ба деҳқонон тақсим намуданд.
 
Тибқи барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодии мамлакат сохтмони нерӯгоҳҳои барқии «Роғун», «Сангтуда 1» ва «Сангтуда 2», роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи автомобилгарди Кулоб - Калъаи Хумб – Хоруғ – Кулма, нақби Анзоб вусъат дода шуда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба истифода дода шуданд. Ба шарофати ин иншоотҳо вазъи иқтисодии мамлакат ва некуаҳволии моддии аҳолӣ, пеш аз ҳама нафақахӯрону маъюбон, оилаҳои камбизоат хеле беҳтар шуданд.
 
Ҳисси баланди ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки суннатҳои волои миллӣ аз қабили Наврӯзи байналмиллалӣ, Меҳргон, Сада монанди инҳо эҳё гардида шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд.
 
Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ (сентябри соли 2020) ҷашни 5500 – солагии яке аз ёдгориҳои бостонии мамлакат – шаҳри қадимаи Саразмро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
 
Асарҳои илмиву таҳқиқотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ дорои нақши пурарзиши илмӣ мебошад. Асарҳои гаронбаҳои Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёиҳо», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол», ва ғайра таълиф гардида бо забонҳои хориҷӣ тарҷума гардида, Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
 
Ҳайати вакилони ҳукуматӣ бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ дар маросими ба истифода додани навбати аввали роҳи оҳани Қурғонтеппа - Кӯлоб иштирок кард. Ин қитъаи роҳ аз Қӯрғонтепа то Саргазон тул кашида, 54 километрро ташкил медиҳад. Вақте ки мо дар қатора аз Қургонтеппа ба сӯи Саргазон равон шудем, дар ду тарафи роҳ одамони сершумореро медиҳем, ки президентро пешвоз мегирифтанду самимона шодию хурсандӣ менамуданд.
 
Охир, барои дар вазъияти нокифоягии маблағу воситаҳо ба сохтмони ин зайл иншооти муҳиму муҳташам даст задан, як ҷасорату дурандешангист. Зеро дар давраи кор ба ҳайси раиси комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Панҷакент ва раиси кумитаву комиссияҳои Шӯрои Олӣ худ борҳо шоҳид мешудам, ки сохтмони як қатор иншоотҳои муҳимтарин низ ба сабабҳои нарасидани маблағи маводи бинокорӣ ба муҳлатҳои дертар мононда мешуданд ё тамоман рад карда мешуданд.
 
Зимнан, рӯҳи мардум ҳам болида, умедаш ба ояндаи дурахшони кишвари худ қавитар мегардад. Ин инсони комил ва накӯкор доимо аз шодию ғами мардум огаҳ буда, барои сабуктар кардани ташвишҳои рӯзгори ниёзмандон устуворона ҷадал менамоянд.
 
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони хайрандеш ва роҳбари накукор ҳануз аз замоне, ки дар вазифаҳои гуногуни ташкилоту идораҳои давлатӣ кор менамуд, зимнан ба масъалаҳои таъмини иҷтимоии кормандон ва аҳолии камбизоат аҳамияти хоса зоҳир намуда, давои дарди ҳамаи дардмандону ҳоҷатбарори эҳтиёҷмандон буд.
 
Мушоҳидон ба нақл мегӯянд, ки ин гуна саховатмандию адолатпарварӣ ва маданияти баланди инсонӣ дар ӯ аз овони ҷавонӣ дида мешавад.
 
Шахсан нағз дар ёд дорам, ки ӯ сарпарастии собиқ, хона- интернати кӯдакони ноқисулақли Кангуртро ба уҳда гирифта буд ва мунтазам аз аҳволи кӯдакони маъюби ин муассиса ва соир кӯдакони бепарастору ятимон ғамхорӣ менамуданд.
 
Ин муассиса имрӯз ба шаҳри Душанбе ва қисман ба ноҳияи Ёвон интиқол ёфта бошад ҳам, аз файзу баракати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати неки иҷтимоии он баҳравар аст.
 
Ҳамин гуна тамоюлоти фитрии иҷтимоии Эмомалӣ Рахмон буд, ки зимни нашри барномаи пешазинтихоботии худ ва яке аз сафарҳои кориаш ба вилояти Хатлон рафта аз хона- интернати маъюбони ноҳияи Восеъ дидан ба амал оварда, ба ин хона-интернат кумакҳои зиёди моддию маънавӣ намуда буд.
 
Шояд ин вохӯрии сардори давлат бо бошандагони хона- интернат ва дуои неки онҳо - маъюбону пирони эҳтиёҷманд буд, ки дар фазои сарварӣ мустаҷоб гардида, соҳиби эҳсонро ба сарварӣ, мамлакатдорӣ ва раёсат расонд.
 
Комилан рамзист, ки фармони №1 ба сифати президенти нав интихобгардида имзо кардаи ӯ ба беҳтар кардани некуаҳволии моддии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ваганӣ ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда хеле мусоидат намуд. Тибқи ин фармон дар ҳамаи манотикқи ҷумҳурӣ барномаҳои мақсадноки дасггирии моддиву маънавии ин табақаҳои аҳолӣ амалӣ гардонда мешаванд, ки шаклу моҳияти нав ба нав касб менамоянд. Ҳамчунин як силсила фармонҳои минбаъдаи Сарвари давлат оид ба зиёд кардани музди меҳнат, нафақа, стипендия ёрдампулиҳо шоҳиди он ҳастанд, ки вай баробари ҳаллу фасли масъалаҳои таҳкими сулҳу осоиш ва ваҳдат, дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрӯву мақоми Тоҷикистон ва тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ғамхории доимиро дар хаққи нафақахӯрону маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва камбизоат-хуллас табақаҳои камбизоати ҷомеа самти муҳимтарини фаъолият қарор додааст.
 
Чунончи, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми сентябри соли 1998, №365 "Оид ба омодасозӣ ва таҷлили Соли байналхалқии одамони куҳансол дар соли 1999" ва фармони навбатии Президенти ҷумҳурӣ аз 28-уми майи соли 1999, № 1217, "Дар бораи тадбирҳои беҳбуди ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии шаҳрвандони куҳансоли Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз адолатпарварию раиятпарварии сардори мамлакат шаҳодат медиҳанд.
 
Дар ҳамин радиф қайд намудан ҷоиз аст, ки сарфи назар аз мушкилиҳои сангини иқтисодӣ танҳо дар давоми солҳои 1995-1998 андозаи ҳадди ақали нафақа панҷ маротиба зиёд карда шуд. Ҳамзамон, бо супориши президент барои адои карзҳои дар натиҷаи сари вақт напардохтани нафақаи ғунгардида, додани нафақаи фирориёни иҷбории ба макони пештараи зист баргашта, пардохтани ҷубронпулии сӯзишвории маъюбони соҳиби нақлиёт ва ғайра маблағи зиёде харҷ карда шуд.
 
Таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи кори соҳа ба кормандони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар иҷрои вазифаҳои масъули ба зиммаашон гузошташуда илҳому ғайрати беохир мебахшад.
 
Кормандони соҳа ин дастури барномавии сардори давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷидду ҷаҳд мекунанд, ки дар амалӣ гардидани сиёсати давлатии иҷтимоӣ саҳми шоиста гузоранд.
 
Хулоса, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт бо итминони комил таъкид менамоянд, ватанамон-Тоҷикистони азиз ояндаи шоиста дораду бо мурури айём сокинонаш ба зиндагонии осоиштаву пурнеъмат ҳатман сазовор хоҳанд гардид.
 
Мо шоҳиди он ҳастем, ки истеъдоди роҳбарию ташкилотчигӣ ва корбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол такмил ёфта, ғанитар мегардад. Ва ҳар сокини кишвар чи пиру ҷавон то рафт яқинтар эҳсос менамояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни авҷи камолот буда, ба ҳайси Сарвари давлат барои ривоҷу равнақи Тоҷикистон дар оянда боз корҳои азимтарро ба сомон расондан, талош менамоянд.
 
Абдусаттор Ҷабборов,
Доктори илмҳои иқтисодӣ,
профессори кафедраи молия,
иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top